ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
12
июни
2020

12-июн Рӯзи байналмилалии мубориза бо меҳнати кӯдакон

 
Кӯдакон як қишри осебпазири ҷомеа мебошанд, ки нисбати худ таваҷҷӯҳи хос, инчунин кӯмаку дастгириро аз ҷониби давлат ва ҷомеа талаб менамоянд. 
Яке аз мушкилоте, ки имрӯз кӯдакон дар саросари дунё ба он дучор шудаанд ин ҷалби онҳо ба меҳнати маҷбурӣ мебошад, ки ҳам барои худи кӯдакон ва ҳам барои тамоми ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.
Бо ташаббуси Ташкилоти Байналмилаии Меҳнат аз соли 2002 инҷониб ҳамасола дар ҷаҳон 12-июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо меҳнати кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Мақсад аз ҷашн гирифтани ин рӯз ҷалби диққат ба мушкилии меҳнати кӯдакон ва пайдо намудани роҳҳои пешгирии он мебошад. Зеро, таъмини бехатарӣ, солимии насли наврас ва инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдаконро тақозо менамояд. 
Меҳнати кӯдакон дар кишвари мо низ ҳамчун яке аз мушкилоти рӯз мавриди таваҷҷӯҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои мухталифи маҳалливу байналмилалӣ қарор дорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон хатарнок  истифода бурдани меҳнати кӯдакон манъ аст.
Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак низ кафолат додааст, ки ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад аз истисмори иқтисодӣ, аз иҷрои ҳар коре, ки ба саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, ақлонӣ, маънавӣ ва ахлоқии ӯ зарар мерасонад ё садди роҳи таҳсилоти ӯ мегардад, ҳимоя шавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва як қатор конвенсияҳо ва тавсияномаҳои Созмони Байналмилалии Меҳнат, аз ҷумла  Конвенсияҳои №138 “Оид ба ҳадди ақали синну соли қабул ба кор”,  №182 “Оид ба манъ   ва аз байн бурдани шаклҳои  бадтарини меҳнати кӯдакон”, №29 “Дар бораи меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ” мебошад. Соли 2019 Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи соли 2014 ба Конвенсияи соли 1930 дар бораи меҳнати маҷбуриро, ки ба пешгирии чунин зуҳуроти муосир, ба монанди савдои одамон бо мақсади меҳнати маҷбурӣ равона гардидааст, ба тасвиб расонид.
Кам кардани меҳнати кӯдак ва пешгириву барҳам додани ҷалби кӯдакон ба шаклҳои бадтарини меҳнат яке аз ҳадафҳои афзалиятнок дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор рафта, тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати расидан ба ин ҳадафи иҷтимоӣ андешида мешаванд. 
Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатҳои иловагиро барои ноболиғони коркунанда пешбинӣ намуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бошад, муқаррар намудааст, ки падару модар барои роҳ надодан ба ҷалби фарзандонашон ба корҳои хавфнок ва вазнини ба саломатии онҳо зараровар уҳдадоранд.
Аз ҷониби Ҳукумати кишвар “Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015–2020” амалӣ шуда истодааст, ки ба коҳиш додан ва пешгирӣ намудани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон мусоидат менамояд. 
Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.03.2017 №110  “Рӯйхати корҳо, ки дар онҳо истифода бурдани меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои онҳо дастӣ бардоштан ва кашондан иҷозат дода мешавад” тасдиқ шудааст, ки дар пешгирии меҳнати номатлуби кӯдакон мусоидат менамояд.
Тавре таҳлилҳои солҳои охир нишон медиҳанд, дар натиҷаи фаъолияти мураттаби Ҳукумати кишвар ва амалӣ гардонидани тадбирҳо дар ин самт, ҷалби кӯдакон ба меҳнат ба маротибҳо кам шудааст. Вале ҳанӯз баъзе омилҳое ҷой доранд, ки боиси истифодаи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар бозори меҳнат мегарданд. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои асосии ба меҳнат ҷалб шудани кӯдакон ҷудошавии оилаҳо, муҳоҷирати меҳнатӣ, шаҳришавии аҳолии деҳот мебошад. Муайян карда шуд, ки кӯдакон бештар бо мақсади расонидани кӯмак ба оила дар харидории маводи хӯрока, сару либос ва пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ асосан дар соҳаҳои хизматрасонӣ ва кишоварзӣ бо меҳнат машғул мешаванд.
Муҳим аст, ки кӯдакон дар раванди муносибатҳои меҳнатӣ аз ҳуқуқҳои худ бохабар ва аз хавфу хатаре, ки кори иҷрокардаи онҳо метавонад ба саломатиашон расонад, огоҳ бошанд. Аммо тавре, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, зиёда аз 80 фоиз кӯдаконе, ки кор мекунанд, дар ин бора хабар надоранд.  
Дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак фаъолият менамояд, ки ба ҳайати он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои байналмилалӣ, комиссияҳои байниидоравӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ шомиланд. Шӯрои мазкур фаъолиятро оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар сатҳи миллӣ ҳамоҳанг месозад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар доираи салоҳияти худ ва ҳамчун узви Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон зимни вохӯриҳо бо аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакон оид ба кафолатҳои муқаррарнамудани қонунгузорӣ дар робита ба муносибатҳои меҳнатии кӯдакон ва манъи истифодаи онҳо дар корҳои вазнин чорабиниҳои иттилоотӣ мегузаронад.
Мубориза бо меҳнати маҷбурии кӯдакон на танҳо вазифаи давлату ташкилотҳои алоҳида, балки вазифаи ҳар як шаҳрванд, хусусан корфармоён ва падару модарон низ мебошад. Зеро бо талошҳои дастаҷамъона мо метавонем ҳарчи зудтар садди роҳи меҳнати номатлуби кӯдакон гашта, ба онҳо шароити хуби инкишофи ҷисмонӣ, ақлонӣ ва маънавӣ муҳайё созем. Зеро чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд “Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд”.
 
Раҳимов С.Р.,
сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид
ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal