ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
8
июни
2020

Кӯдакон ба озодӣ ва дахлнопазирӣ ҳуқуқ доранд

 
Ҳамасола дар ҷаҳон 1-уми июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” низ 1-уми июнро ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муқаррар намудааст.
 
Пайдоиши ин ҷашн ба миёнаҳои асри ХХ рост меояд. Соли 1949 дар шаҳри Париж конгресси занон баргузор гардид, ки дар он савганди муборизаи беамон барои сулҳи пойдор ҳамчун кафолати ягонаи хушбахтии кӯдакон садо дод. Зеро пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мушкилоти ҳифзи саломатӣ ва некӯаҳволии кӯдакон аз ҳарвақта бештар муҳим буд. Худи ҳамон сол дар ҷаласаи Маскав дар Шӯрои Федератсияи байналмилалии демократии занон мувофиқи қарорҳои Анҷумани II-юми он ба ҷашни мазкур асос гузошта шуд. СММ ин ташаббусро дастгирӣ намуда, ҳифзи ҳуқуқ, ҳаёт ва саломатии кӯдаконро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъ-олияти худ эълон кард. Пас аз як сол, 1 июни соли 1950 аввалин Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид.
Рӯзи байналмилалии кӯдакон ёдраскунӣ ба калонсолон дар бораи зарурати эҳтироми ҳуқуқҳои кӯдакон ба ҳаёт, озодии ақида ва дин, таҳсилот, истироҳат ва фароғат, муҳофизат аз зӯроварии ҷисмонӣ ва равонӣ, ҳифз аз истисмори меҳнати кӯдакон дар ҳолатҳои зарурӣ мебошад, ки барои ташаккули ҷомеаи инсондӯстона ва одилона равона шудааст.
Аввалин ҳуҷҷати ҳуқуқии байналмилалӣ, ки дар он ҳуқуқи кӯдак дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак мебошад, ки онро СММ 20 ноябри соли 1989 қабул кардааст. Конвенсия ба чор принсипи бунёдӣ, аз ҷумла таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак, манъи табъиз, ҳуқуқи кӯдак ба ҳаёт, зинда мондан ва рушд ва ҳуқуқ ба шунида шудан асос ёфтааст, ки тавассути онҳо ҳуқуқҳои кӯдакон бояд таъмин гарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкурро соли 1993 ба тасвиб расонда, ҷиҳати амалишавии он тамоми тадбирҳои зарурии қонунгузорӣ, маъмурӣ ва дигар чораҳоро меандешад.
Дар Тоҷикистон ҳуқуқҳои кӯдакон аз Конститутсия сарчашма гирифта, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ва дигар қонуну кодексҳои соҳавӣ ҳифз карда мешаванд. Қонунгузории ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳуқуқи кӯдак бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ ва принсипи таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак таҳия гардида, пайваста такмил дода мешавад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд. Аз ин рӯ, дар ҷумҳурӣ таъмини беҳтарини манфиатҳои кӯдакон ва наврасон, фароҳам овардани шароити муносиб барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо, таъмини эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор меравад.
Тибқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ҳар як кӯдак ба зиндагӣ ва шароите ҳуқуқ дорад, ки барои инкишофи мукаммали ҷисмонӣ, равонӣ ва маънавию ахлоқии ӯ заруранд. Кӯдак ба озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ ҳуқуқ дорад.
Соли 2008 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд, ки мақоми доимоамалкунанда буда, сиёсати давлатиро ба хотири таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак амалӣ менамояд. Комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак низ дар ҳифзи ҳуқуқи кӯдак нақши муҳим мебозанд. Мақомотҳои дигари давлатӣ, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, адлия, прокуратура, кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш ва як қатор вазорату идораҳои дигар низ барои таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак масъуланд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак таъсис дода шуда, вазифаҳои худро дар доираи салоҳияти бо қонун муқарраршуда тавассути қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, санҷиши вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак амалӣ мегардонад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи кӯдак рушд ёфтанд. Ҳамкорӣ хусусан бо дафтари Хазинаи кӯдакони СММ хеле назаррас буда, он дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ сурат мегирад.
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон риоя гардида, барои рушду камолоти онҳо дар шароити озоду арзанда тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.
Дар ташаккули бомуваф-фақияти шахсияти кӯдак ҷомеа ва оила нақши муҳим мебозанд. Аз ин рӯ, кӯдак бояд дар муҳити меҳру муҳаббат, дар оила миёни ашхоси наздик ва меҳрубон ба воя расад. Калонсолон бояд ба кӯдакон дар омодагӣ ба ҳаёти мустақил, аъзои комилҳуқуқи ҷомеа гардидан, барои ташаккули муқаррарии ҷисмонӣ ва ақлонии ӯ шароити мусоид фароҳам оваранд.
 
С.Раҳимов,
сармутахассиси Дастгоҳи Ваколатдор 
оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Бознашр аз Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” №22 (9656), 28.05.2020
 

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal