7
сентябри
2017
|
Мусоидат ба дастрасии кӯдакон ба таҳсил иииииива риояи ҳуқуқҳои онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмин намудани иҷрои самти мазкур тибқи Барномаи амали мақомоти ВҲИ ҶТ барои соли 2017 кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ ҶТ дар МТМУ №54 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе санҷиш гузарониданд.
4
сентябри
2017
|
Ҳамасола дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзхои ид» дар саросари Ҷумхурии соҳибистиқлоламон 1 сентябр ҳамчун “Рӯзи дониш” ҷашн гирифта мешавад ва аввалин соати дарсӣ Дарси Сулҳ номида мешавад, зеро пешрафти ҳар як давлат аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вобастагии ногусастанӣ дорад.
4
августи
2017
|
3 августи соли 2017 дар толори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воқеъ дар ш. Душанбе, к. Ҷ. Икромӣ – 7 нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои шаш моҳи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар нимсолаи якуми соли 2017 баргузор гардид.
Рӯзи 11 июли соли 2017 Раҷабмо Ҳабибулозода – муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) барои кишварҳои Аврупои Марказӣ, Шарқӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хонум Афшан Хан ва Роҳбари Дафтари Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Тоҷикистон хонум Лучия Элмиро ба ҳузур пазируфт.