Рӯзҳои 7-8 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон конференсияи минтақавӣ дар мавзӯи ҳуқуқ ба муқаррар намудани қобилияти ҳуқуқдорӣ ва пешгирии бешаҳрвандӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Р.Ҳ. иштирок намуд.
Дар конференсия масъалаҳои вобаста ба амалишавии мақсади 16.9 Мақсадҳои СММ дар соҳаи рушди устувор ва Нақшаи умумӣ оид ба пешгирии бешаҳрвандӣ барои солҳои 2014-2024, вазъи бақайдгирии таваллуди кӯдакон, дастовардҳо ва мушкилоти дар минтақа дар самти мазкур ҷойдошта ва бақайдгирии таваллуди кӯдаконе, ки волидайни онҳо дар вазъи бешаҳрвандӣ қарор доранд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳамзамон таҷрибаи пешқадами якчанд кишварҳо, аз ҷумла Федератсияи Россия, Руминия ва шоҳигарии Тайланд пешниҳоди ҳозирин гардиданд.
Дар ҷаласаи мазкур ҷониби Тоҷикистон дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар ин самт, бахусус ислоҳоти қонунгузорӣ, ҷорӣ намудани низоми электронии бақайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ташкил намудани базаи электронии САҲШ, ба шакли электронӣ гузаронидани бойгониҳои САҲШ ва амалӣ гардонидани чорабиниҳои иттилоотонӣ ба иштирокчиёни конференсия маълумот пешниҳод намуданд.
Иштирокчиёни конференсия тадбирҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мазкур андешидашавандаро хуб пазируфтанд.
Бо дарназардошти муҳимияти сари вақт ба қайд гирифтани таваллуди кӯдак дар амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои дигари ӯ иштирокчиёни чорабинӣ – намояндагони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба мувофиқа омаданд, ки минбаъд низ дар сатҳи миллӣ барои ташаккули механизми бақайдгирии таваллуди кӯдакон тадбирҳои зарурӣ андешида, дар амалӣ гардонидани Нақшаи умумии пешгирии бешаҳрвандӣ барои то соли 2024 чораандешӣ менамоянд.