Рӯзи 19 июн дар шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” Форуми кӯдакон оид ба масъалаҳои об баргузор гардид. Мақсад аз баргузории Форуми мазкур таъкид намудани аҳамияти об ва санитария барои кӯдакон ва шунида шудани овози онҳо вобаста ба масъалаи мазкур буд.
Дар форум Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак – Ҳабибулозода Р.Ҳ. низ иштирок ва баромад намуд. Зимни баромад Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Ҳадафҳои рушди устуворро ёдовар шуда, аз ҷумла зикр намуд, ки “таъмини дастрасӣ ва истифодаи оқилонаи об ва беҳдошт барои ҳама” яке аз ин ҳадафҳо мебошад.
Ҳамчунон қайд гардид, ки дар ҷаҳон ҳанӯз миллионҳо нафар одамон, аз ҷумла кӯдакон ба оби тозаи нӯшокӣ дарстрасӣ надоранд ва ин сабабгори ба бемориҳои гуногун гирифтор шудан ва фавтидани онҳо мегардад. Аз ин рӯ, мушкилоти вобаста ба таъминот бо оби тозаи нӯшокӣ ва воситаҳои оддитарини санитарӣ дар сатҳи байналмилалӣ масъалагузорӣ карда мешавад.
Ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон гардидани солҳои 2018-2028 низ, аз ҷумла барои муттаҳид намудани кӯшишҳои давлатҳои аъзои СММ ҷиҳати таъмини кӯдакон бо оби тоза равона гардидааст.
Ҳуқуқи кӯдак ба об омили муҳими таъмини ҳуқуқи ӯ ба ҳаёт, зиндамонӣ ва инкишофи солим мебошад. Конвенсияи ҳуқуқи кӯдаки СММ эътироф менамояд, ки оби тозаи нӯшокӣ ҷузъи ҷудонопазири ҳуқуқи кӯдак ба сатҳи баланди тандурустӣ аст. Бинобар ин Ассамблеяи Генералии СММ ҳуқуқ ба оби нӯшокӣ ва санитарияро ба сифати яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон эътироф намуда, давлатҳои аъзоро ба андешидани тадбирҳо ҷиҳати таъмини ин ҳуқуқ даъват намудааст.
Дар интиҳои баромади худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак қайд намуд, ки шунидани садои кӯдакон оид ба ҳалли масъалаҳои таъминот бо об, ба назар гирифтани фикру андешаҳои онҳо, истифодаи пешниҳодҳои навоваронаи ҷавонон ба ҳалли мушкилоти таъминот бо оби тозаи нӯшокӣ мусоидат хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки дар Форуми кӯдакон оид ба масъалаҳои об се ҷаласаи ба ҳам алоқаманд баргузор гардид ва дар он кӯдакон-ғолибони озмуни иншо дар мавзӯи “Аҳамияти дастрасӣ ба об, санитария ва гигиена барои таҳсилоти босифат” суханронӣ намуда, лоиҳаҳои беҳтарини инноватсионии ҷавонон муаррифӣ шуданд. Ҳамчунин кори Шӯрои хонандагон оид ба ҷалби ҷамоатҳо ва иштироки ҷавонон дар муайянкунии афзалиятҳо дар бахши об ва санитария, таҷрибаи волидон дар масъалаи рушди бармаҳали кӯдакон ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавзуъ баррасӣ гардиданд.
Ба муаллифони лоиҳаҳои беҳтарини инноватсионӣ мукофотҳо супорида шуданд.
Аксҳо аз сомонаи: https://ru.sputnik-tj.com