Рузи 22 августи соли 2023 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид аз Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кудак”-и шаҳри Хуҷанд ба амал оварданд.
Зимни боздид аз ҳуҷраҳои хоби кӯдакон, таъминоти онҳо бо ғизо, муносибати кормандони муассиса бо кӯдакон, инчунин шароити кории кормандони муассисаи мазкур шинос шуданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо модарони кӯдакона, ки дар гурӯҳи будубоши рӯзонаи кутоҳмудат ба таълиму тарбия ва солимгардонию тавонбахшӣ фаро гирифта шуданд ҳамсуҳбат гардид. Волидони кӯдакон аз хизматрасонии мутахассисони марказ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба роҳбарият ва кормандони муассиса барои ғамхори ва нигоҳубини кӯдакон изҳори минатдорӣ намуд.