ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
31
майи
2021

1 июн – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

1 июн – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН
 
Дӯстони азиз, волидайни муҳтарам!
Кӯдакон сарвати муҳимтарин, ояндаи неки имрӯзу фардои миллат мебошанд ва ғамхорӣ нисбати онҳо вазифаи ҳар як шахс, ҷомеа ва давлат аст. Бо дарназардошти чунин муҳиммият дар саросари дунё рӯзи 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Соли ҷорӣ он маротибаи 71-ум ҷашн гирифта мешавад.
Ман самимона Шуморо бо  ин иди байналмилалӣ табрик намуда, ба Шумо саломатию хушбахтӣ ва бурдбориҳо таманно менамоям.
Ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқҳои кӯдакон вазифаи муҳими давлат ва яке аз афзалиятҳои асосии  сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд. Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти фарзандони кишвар сол аз сол беҳтару рангинтар мегардад.
Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз насли навраси болаёқат Ватани азизи моро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Онҳо дар олимпиадаву озмунҳо, мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён, медалу дипломҳои дараҷаҳои гуногун ва ифтихорномаҳо мегарданд.
Дар ин рӯзи ид ба падару модарон, бобою бибиҳо, омӯзгорон ва ҳамаи онҳое, ки қувваю дониши худро баҳри тарбия ва инкишофи насли навраси кишвар равона месозанд, миннатдории худро баён намуда, ба онҳо дар ин ҷода муваффақиятҳо орзу менамоям.
Хоҳони онам, ки  кӯдакони мо солим ва хушбахт ба воя расанд ва боварӣ дорам онҳо бо рафтори хуб, хониши хубу аъло баҳри ободии Ватани азизамон саъю талош меварзанд.
 
Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон -
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Бобоҷонзода М.
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal