МЕНЮ
1
июни
2021
|
Рӯзи 1 июн дар саросари ҷаҳон Иди байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. |
Рӯзи 1 июн дар саросари ҷаҳон Иди байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Бо мақсади табрики кӯдакон Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Бобоҷонзода дар доираи иҷрои вазифаҳои худ ва бо мақсади шиносоӣ бо вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон рӯзи 1 июни соли ҷорӣ аз «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2»-и ш.Душанбе дидан намуд.
Лозим ба ёддоварист, ки муассисаи мазкур яке аз 4 хонаҳои кӯдакони синни томактабӣ мебошад, ки ба Маркази дастгирии оила ва кӯдак табдил дода шуданд.
Зимни боздид Бобоҷонзода Миҷгона сараввал бо роҳбарият ва ҳайати кормандони муассиса суҳбат доир намуда, сипас бо кӯдакон вохӯрд. Зимни сӯҳбат Ваколатдор тарбиятгирандагони муассисаро бо Иди байналмилалӣ табрик намуда, ба онҳо дар бораи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, стандартҳои мавҷудаи миллӣ ва байналмилалӣ ва таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати кӯдакон, хусусан ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакону ҷавонон сӯҳбати судманд намудаанд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки тамоми кӯшишу ғайрат бояд ба он равона карда шавад, ки кӯдакон аз муассисаи мазкур бо як тафаккури солим, донишу малака ва касбу хунар ба ҷомеа ворид гардад, чунки кӯдакон ояндаи давлату миллати мо ҳисоб мераванд.
Дар муассисаи мазкур 75 тарбиятгиранда қарор доранд. Барои кӯдакон тамоми шароити зарурии моддиву маишӣ муҳайё карда шудааст. Муассиса бо духтур ва равоншинос низ таъмин мебошад. Бахшида ба ҷашни 1- июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар муассисаи мазкур чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Ҷиҳати ҳифзи саломатии кӯдакон-тарбиятгирандагони муассиса ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус COVID – 19 чораҳои зарурӣ андешида шуда, ҳамарӯза корҳои безараркунии тамоми иншоотҳои муассиса саривақт гузаронида мешавад.
Тарбиятгирандагони муассиса бо тавсияҳои мутахассисон оид ба риояи қоидаҳои беҳдошти санитарию гигиении шахсӣ, омилҳои пешгирикунандаи пахншавии бемории сироятии COVID – 19 ва дигар бемориҳои сироятӣ аз лавҳаҳои ахборотӣ (плакатҳо), ВАО ва корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ, ки аз ҷониби кормандони масъули муассиса мунтазам гузаронида мешаванд, хабардор мебошанд. Ба тарбиятгирандагон фаҳмонида шуд, ки барои пешгирии сироятёбӣ ба ин беморӣ тавсияҳои мутахасисонро оид ба риояи қоидаҳои беҳдошти санитарию гигиенаи шахсиро риоя намудан зарур аст.
Мақсади ин муассисаҳо таъмин намудани манфиатҳои қонунии кӯдакони синну соли бармаҳал, ки ба ҳолати душвори зиндагӣ дучор шудаанд ва мусоидат намудан барои тарбия ва нигоҳубини онҳо дар муҳити оилаи муносиб мебошад.
Инчунин яке аз вазифаҳои асосии марказҳои мазкур пешгирӣ намудан аз саркашии волидайн вобаста ба тарбияи кӯдак ва мусоидат намудан барои ҳарчӣ зудтар баргаштани кӯдак бо оилаи худ ба роҳи пешниҳоди хизматрасониҳои инноватсионии тиббию иҷтимоӣ ва усулҳои ба оилаҳои осебпазир нигаронидашуда иборат мебошад.
Зимни боздид Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст ба роҳбарияти муассиса оид ба салоҳият ва ваколатҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, қонунгузории амалкунанда дар самти ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини манфиатҳои кӯдакон, эҳтиром ва риояи ҳуқуқҳои тарбиятгирандагони муассиса маълумот дода, баъдан бо шароити зисти кӯдакон, таъминоти онҳо бо ғизо, муносибати кормандони муассиса бо кӯдакон, инчунин шароити кори худи кормандони муассиса аз наздик шинос шуд.
Ҳамчунин Бобоҷонзода М. бо модароне, ки дар Маркази мазкур оид ба нигоҳубини дурусти кӯдак машварат ва омӯзиш мегиранд, суҳбатҳои алоҳида доир намуд.
Ҳангоми боздид дар муассисаи №2 - 75 кӯдаки то синни 6 сола бо таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои онҳо шароити хуби нигоҳдорӣ муҳайё буда, аз ҷониби давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва шахсони алоҳидаи хайрхоҳу эҳсонкор пайваста таваҷҷӯҳ зоҳир мегардад.
Маълум гардид, ки дар муассиса бо кӯдакон мутахассисони соҳибкасб аз рӯи барномаҳои қаблан тарҳрезишуда кор мекунанд.
Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати роҳбарон ва кормандони муассиса оид ба ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакони ятиму бепарастор ва дорои маъюбият, ҳуқуқу озодиҳои онҳо, ӯҳдадории кормандони муассиса ва масъулияти падару модарон маълумоти муфассал дод.
Дар охир Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарият ва кормандони муассиса барои ғамхорӣ нисбати кӯдакон изҳори миннатдорӣ намуда, кӯдаконро бо Иди байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуданд.