ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

28
майи
2021

Кӯдакон - ояндаи дурахшони миллат!

 Кӯдакон - ояндаи дурахшони миллат!
 “Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
 
Ҳамасола рӯзи якуми июн дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистони ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ҳадаф аз ҷашнгирии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мушкилоти кӯдакон ва зарурати ҳифзи онҳо мебошад. Зеро, кӯдакон ояндаи дурахшони миллат мебошанд ва ғамхорӣ нисбати онҳо вазифаи ҳар як шахс, ҷомеа ва давлат аст.
Бо мақсади инъикоси ҳуқуқу озодиҳои кӯдак Ассамблеяи генералии СММ ҳануз соли 1959 Эъломияи умумии ҳуқуқи кӯдакро қабул кард. Инчунин, соли 1989 Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак қабул гардид. Санади мазкур ҷиҳати эътирофи кӯдакон бо дарназардошти хусусиятҳои хос ва осебпазирии онҳо мавриди ҳимоя ва ғамхории махсус қарор дода шудани онҳо нуқта гузошт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 аъзои Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак буда, барои ҳар як кӯдаке, ки дар қаламрави он қарор дорад, тамоми ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия пешбинигардидаро эътироф ва таъмин менамояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30% аҳолиро кӯдакон ташкил медиҳанд ва онҳо мавриди ғамхории пайвастаи давлат қарор доранд. Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ таъмини  манфиатҳои беҳтарини кӯдакону наврасон, таъмини некӯаҳволӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи онҳоро яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ намудааст. 
Ҳуқуқҳои кӯдаконро дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ба танзим медарорад. Он кафолатҳои асосии ҳуқуқу манфиатҳои кӯдаконро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, муқаррар менамояд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон, дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳо зиёда аз 30 ҳуҷҷатҳои стратегӣ ќабул ва амалӣ  шуда истодаанд, ки барои таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо пайваста чораандешӣ мекунад. 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди низоми адолати судӣ нисбати ноболиғон, ташкил намудани низоми адолати судии барои кӯдак некхоҳона таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардида, қабул ва амалисозиии барномаҳо оид ба таъмини ҳуқуқҳои ноболиғон дар низоми адолати судӣ идома дорад. 
Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати ноболиғон барои солҳои 2017–2021 тадбирҳои дахлдорро дар ин самт пешбинӣ намудааст. 
Новобаста ба чорабиниҳои дар самти пешгирии ҷинояткории ноболиғон амалишаванда, сатҳи он ташвишовар боқӣ мемонад. 
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 аз ҷониби ноболиғон 754 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 119 ҳолат камтар аст. Ҷиноятҳо аз ҷониби 740 ноболиғ (701-писар ва 39-духтар) содир шудаанд. 
Аз шумораи умумии ноболиғоне, ки ҷиноят содир намудаанд, 222 нафарашон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 нафар хонандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ ва 512 нафарашон ноболиғоне мебошанд, ки бо шуғл ва хониш фаро гирифта нашудаанд.  Имрӯзҳо моро зарур аст, ки пеши роҳи ин тамоюли номатлубро ба тамоми усулу воситаҳо гирем. Дар ин кор натанҳо давлат ва волидайн балки тамоми ҷомеа бояд саҳмгузор бошад.
Ташаккули комили шахсияти кӯдак, тарбияи дурусти ӯ танҳо дар оилаи солим ва дар фазои меҳру муҳаббат имконпазир аст. Аз ин рӯ,  давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя намуда, модару кӯдакро таҳти ҳимоя ва ғамхории махсус қарор медиҳад. 
Ояндаи давлату миллати мо дар дасти кӯдакону ҷавонони имрӯза мебошад. Кӯдакон сазовори ҳаёти арзандаанд ва вазифаи мо аз он иборат аст, ки чунин муҳитро барои онҳо муҳайё созем ва барои ба ҳаёти оянда омода шудани кӯдакон ба онҳо кӯмак расонем.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ  ҷиҳати таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешбурди  ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон нақши муайян мегузорад. 
Фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тавассути қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, санҷиши вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак амалӣ мегардад.
Бо истифода аз имкони муносиб кӯдакони азизу муътабар ва меҳрубонро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрику таҳният гуфта, барояшон тамоми хӯшиҳои ҳаётро хоҳонем.
 
А.Низомов,
муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ ҶТ
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal