ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

26
феврали
2021

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Низоми огоҳкунии бармаҳал дар доираи барнома ва механизмҳои мавҷудаи сатҳи ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва дохилимактабӣ»

Рӯзи 26 февралии соли 2021 дар Китобхонаи миллӣ мизи мудаввар бо иштироки масъулини соҳаи маориф вобаста ба ҳамгироӣ ва густариши Низоми огоҳкунии бармаҳал дар доираи барнома ва механизмҳои мавҷудаи сатҳи ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва дохилимактабӣ бо маблағгузории Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилояти Хатлон, ВМКБ, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Исфара, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҷ.Расулов, Деваштиҷ ва намояндагони сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок ва суханронӣ карданд.


Барномаи мазкур дар 112 муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад ва ҳадафи ниҳоии барнома таълими босуръат барои кӯдакон ва наврасон, ки берун аз таҳсил қарор доранд, ба зинаи сеюми таълим фаро гирифтани кӯдакон, хусусан духтарон, татбиқи механизмҳои равонсозӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта, фарогирии кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсил ва нақши масъулини сатҳи миллӣ, маҳаллӣ ва дохилимактабиро дар ҳалли эҳтиёҷоти кӯдакон дар бар мегирад.
Дар ҳамоиши мазкур мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Машрабзода А. иштирок намуда, вобаста ба раванди огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, муайян намудани кӯдакони беназорат ва бепарастормонда, ки ба гурӯҳи хатар дохил мешаванд ва омодагии самараноки воридшавии онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ тавассути оила, ҷомеа ва ҳамсолон, тайёрии касбӣ-техникӣ ва ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб кардани онҳо изҳори ақида намуд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal