ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

3
марти
2021

Кӯдакон таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд (дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021)

 
Кӯдакон 
таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд
 (дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021) 
 
Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти хеле муракаби ҷаҳонӣ вобаста ба паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 сурат гирифт. 
Дар оғози ироаи Паём Сарвари давлат қайд карданд, ки соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус сайёраро ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ овард.
Пандемияи КОВИД-19 аз ҷумла ба калонтарин халалдоршавии низоми маориф дар таърихи инсоният оварда расонид, ки он қариб 1,6 миллиард хонандагонро дар зиёда аз 190 давлат дар ҳамаи қитъаҳо фаро гирифт.  
  Таъсири пандемияи КОВИД-19 ба таҳсили кӯдакон дар Тоҷикистон низ бетаъсир намонд. Бинобар ин аз ҷониби Ҳукумати ҶТ фавран чораҳои бетаъхир андешида шуда, ҷиҳати пешгирии паҳншавии КОВИД-19 бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрел то 16 августи соли 2020 хонандагон ба таътил рафтанд. Имтиҳонҳои аз синф ба синфгузаронӣ ва аттестатсияи хатми синфҳои 9 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси ҷамъбасти чорякҳо бе иштироки  хонандагон сурат гирифт.
Яке аз мушкилиҳое, ки пандемияи КОВИД-19 дар самти маориф ба бор овард, таъмин намудани  таҳсили фосилавии кӯдакон буд. Ташкили дарсҳои онлайн барои ҳамаи кӯдакон дар ҷумҳурӣ ғайриимкон буд,  чунки на ҳамаи оилаҳо дар ҷумҳурӣ бо компютеру Интернет таъмин буданд. 
Аз ин лиҳоз, бо иқдоми ВМИ ҶТ дар ин давра ба хонандагони синфҳои 9-11 дарсҳои телевизионӣ ташкил шуд, зеро имрӯз шабакаҳои телевизионӣ дар тамоми кишвар дастрас аст ва хонандагон ҳамроҳи волидон метавонанд аз он истифода кунанд. 
Бо саъю талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ вазъи эпидемикӣ дар ҷумҳурӣ ба эътидол омад ва соли хониши 2020-2021 низ тибқи муҳлатҳои муқарраршуда, яъне аз 17 августи соли 2020 бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ оғоз гардид. 
Новобаста аз шароити вазнини пандемикӣ ва чораҳои маҳдудкунанда соли 2020 дар ҷумҳурӣ 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63 000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ба сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот аҳамияти хосса дода шуда, таъкид шудааст, ки дар ин раванд тамоми шароити зарурӣ муҳайё ва масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгорон боз ҳам баланд бардошта шавад.
 Мавриди зикр аст, ки дар ин самт таҷрибаи муассисаҳои типи нави замони истиқлол – мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳо ҳамчун намуна нишон дода шуда, ВМИ ҶТ вазифадор шудааст, ки ташаббусу таҷрибаи ин мактабҳоро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар васеъ татбиқ намояд.
Асри ХХI асри иттилоот ва технологияҳои нав мебошад ва мусаллам аст, ки дастрасӣ пайдо кардан ба ҳадафҳои мазкур бе рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз иқдомҳои нав ба нави Пешвои миллат дар ин самт хеле саривақтӣ буда, ҷиҳати расидан ба Ҳадафи чоруми стратегии мамлакат, яъне саноатикунонии босуръат мусоидат менамоянд.
Аз ҷумла, бо иқдоми Сарвари давлат эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 ҳамчун «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул шудани нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат такони тоза мебахшанд.
Дар идомаи иқдомҳои наҷибонаи худ Пешвои миллат зарур шумориданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.
Дар ин замина Пешвои миллат вазоратҳои молия, маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва вазорату кумитаҳоеро, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор карданд, ки якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавриди амалӣ намудани ин иқдомҳо ҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд. 
Ташаббуси Пешвои миллат ҷиҳати боз ҳам зиёдтар кардани ҳавасмандкунии моддиву маънавии иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шавқу рағбати онҳоро барои иштирок дар чунин озмунҳо бамаротиб боло мебарад.
Инчунин хеле муҳим аст, ки Пешвои миллат дар Паёми имсола Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар ин раванд охири соли гузашта таъсис дода шудани ҷоизаи махсуси давлатии ҳамасола барои 15 нафар беҳтарин олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. 
 Ҳамзамон, Пешвои миллат ба чанде аз мушкилоти соҳаи маориф ишора намуда, қайд карданд, ки яке аз мушкилоти асосӣ норасоии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо буда, аз ҷумла соли гузашта ҳамагӣ 14 муассисаи томактабӣ барои 2520 кӯдак бунёд гардидааст, ки ин нишондиҳанда ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.
Дар ин робита роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки бо ҷалби соҳибкорон ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҷиҳати бунёди кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карда, ба ин масъала бисёр ҷиддӣ ва бо масъулияти баланд муносибат намоянд.
Дар замони муосир азхудкунии илму дониш бе донистани забонҳои хориҷӣ хеле мушкил аст. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монад.
Дастгирии ҳамаҷонибаи маъюбон, ятимон ва кӯдакони бепарастор дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат қарор дорад. Аз ҷумла,  иқдоми Пешвои миллат оид ба 20 фоиз баланд бардоштани нафақаи кӯдакони маъюби то 18 — сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии онҳо беҳтар гардад.
Дар ин замина, супориши Пешвои миллат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба бунёди се мактаб – интернати Президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе, ки дар онҳо бояд мисли мактабҳои байналмилалии Президентӣ шароити беҳтарини таҳсил ва зиндагӣ муҳайё бошанд, аз ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат нисбати қишрҳои осебпазири ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Ҳамзамон, масъулини соҳа вазифадор гардиданд, ки барои соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани ҳар як ятими кулл, соҳиби ҷойи кор ва зиндагии мустақилона шудани онҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Дар идомаи мавзӯъ Пешвои миллат қайд карданд, ки сатҳи касбомӯзӣ ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад ва он ҳанӯз ба талаботи бозори муосири меҳнат ҷавобгӯй набуда, имрӯз дар Тоҷикистон зарурат ва талабот барои ҷорӣ намудани омӯзиши садҳо ихтисоси дигар вуҷуд дорад. Аз ҷумла, қисми зиёди таҷҳизоти таълимӣ дар ин муассисаҳо фарсуда гардида, истифодаи таҷҳизоту технологияҳои муосир омӯзонида намешавад.
Аз ин рӯ, барои ислоҳоти ҷиддӣ, азнавсозии низоми таълим ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ дар самти касбомӯзӣ ба вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм супориш дода шуд, ки барои таҷдиди назар кардани барномаву нақшаҳои таълими касбҳои коргарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва таъмини муассисаҳои зикршуда бо китобҳои дарсӣ чораҳои заруриро ба роҳ монанд.
Инчунин, зарур дониста шуд, ки ба ҳар як муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумат, вакилони парламент, роҳбарони сохтору мақомоти марказӣ ва шаҳру ноҳияҳо якнафарӣ ба ҳайси сарпараст вобаста карда, дар зарфи ду соли оянда тамоми мушкилоту масъалаҳои ҷойдоштаи онҳо ҳаллу фасл карда шаванд.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат оид ба рушди забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он алоҳида таъкид шудааст, зеро забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад.
Дар ин робита, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи миллии илмҳо вазифадор шуданд, ки ҷиҳати омӯхтани таърих ва мероси маънавии халқи тоҷик тадбирҳои зарурӣ андешида, омӯзиши ҳатмии таърихи халқи тоҷик, забони давлатӣ ва ҷуғрофияи Тоҷикистонро дар муассисаҳои таълимашон ба забони ақаллиятҳои миллӣ дуруст ба роҳ монанд ва китобҳои дарсиро барои ин муассисаҳо сари вақт таҳия, тарҷума ва дастрас созанд.
Дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҳамқадамӣ бо замони муосир таълиму тарбия кардани насли наврас яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки дар ин ҷода саҳмгузор бошем.
 
 
А. Содиқов – сардори шуъбаи 
ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки
 Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
 инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal