ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

9
феврали
2021

Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба тавзеҳи Паёми Пешвои миллат чорабинӣ сурат гирифт

ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 феврал роҳбарият ва ҳайати кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузор намудани мизи мудаввар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 26 январи соли 2021 мавриди шарҳу тавзеҳ қарор доданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
 
 
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода оид ба аҳамияти бузурги Паём ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  ҳамчун мақомоти мусоидаткунандаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар самти баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ ва қабулу баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон сухан гуфт.
 
Дар ҷараёни мизи мудаввар паҳлуҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Паёми Пешвои миллат аз ҷониби масъулини мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таҳлил, баррасӣ ва шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Зимни баромадҳо пешниҳодҳои инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи баланд бардоштани стипендияи донишҷӯён, магистрҳо, аспирантону докторантон ва зиёд намудани нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, кӯдакони маъюби то 18-сола, маъюбони гурӯҳи якум ҳамчун дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоӣ арзёбӣ гардиданд.
 
Роҳбарияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аҳамияти Паёми Президентро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки ҳар хизматчии давлатӣ дар иҷрои нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд кӯшиш ба харҷ дода, ҷиҳати таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳм гузорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal