ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

9
январи
2021

«КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ БО КИТОБҲОИ ТОЗАНАШР ҒАНӢ ГАРДОНДА ШАВАНД». Андешаҳо дар ҳошияи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

ДУШАНБЕ, 09.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 15 декабри соли 2020 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифатӣ доир шуд. Озмуни мазкурро метавон мактаби худшиносӣ унвон кард. Зеро он имрӯз миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳаводорони зиёд пайдо намудааст. Дар озмун гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа – хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, омӯзгорон, ходимони муассисаҳои фарҳангӣ ва ғайра хеле фаъол буданд.

 

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади бедор намудан ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодии афроди ҷомеа, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, васеъ намудани доираи забондонӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни тамоми зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, доктор (PhD), аспирантҳо ва шаҳрвандони мамлакат дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар доир гардид.

Дар робита ба баргузории озмун, инчунин тақвияти неруи зеҳнии наврасону ҷавонон ва ҷалб намудани онҳо ба китобхонаҳо омӯзгорони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Гадобег МАҲМУДОВ ва Зафари ШАРИФ андешаҳояшонро манзури хонандагони сомонаи АМИТ “Ховар” гардонидаанд.

-Иштирокчиёни озмуни соли 2020 нисбат ба як соли пеш омодагӣ ва маҳорати баландтар доштанд. Маҳорати онҳо дар аз ёд кардани ҳаҷми бештар ва беҳтари адабиёти бадеӣ мушоҳида мешавад, ки ин аз феҳристи пешниҳодии асарҳои хондашаванда вобаста буд. Маълум гардид, ки озмун шавқу завқи мардумро нисбат ба адабиёти бадеӣ — чи осори манзуму чи мансур бедор кардааст.

Ҷамъбасти озмун нишон дод, ки омодагии иштирокчиён аз вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе нисбатан беҳтар аст. Бешак, ин иқдоми фарҳангӣ барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба китобу китобхона такони ҷиддӣ мебахшад.

Раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода барои дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, аз ҷумла Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тадбирҳои муассир андешида, якчанд барномаҳоро ба нақша гирифт. Тибқи дастуру супоришҳои ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ пайваста дар байни донишҷӯён озмун ва маҳфилҳои шеъру суруд доир гардиданд. Баргузории чунин чорабиниҳо насли ояндасози миллат, аз ҷумла донишҷӯёнро ба мутолиаи китоб ва омӯхтани илму ҳунар ҳидоят намуда, сатҳи маънавиёти онҳоро баланд мебардорад.

Аз ин рӯ, зарур мешуморем, ки барои тақвияти неруи зеҳнии наврасону ҷавонон ва ҷалб намудани онҳо ба китобхонаҳо тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:

-хазинаи китобхонаҳои деҳот аз ҳисоби китобҳои тозанашри осори адибони классику муосир ғанӣ гардонда шавад;

-омода кардани довталабон дар давраҳои аввали озмун, пеш аз ҳама, ба уҳдаи омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва китобдорон гузошта шавад;

-дар рӯзҳои таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ барномаи «Сайри китоб» бо усули хона ба хона тақсим кардан дар саросари ҷумҳурӣ ба роҳ монда шавад;

-ба озмун бояд касоне роҳ дода шаванд, ки беш аз шаст дарсади талаботи низомномаи озмунро аз худ карда бошанд;

-таҷҳизонидани китобхонаҳои деҳот бо технологияи муосири иттилоотӣ, таъсиси китобхонаи электронӣ ва пайваст намудани онҳо ба шабакаи ҷаҳонии Интернет;

— адад ва номгӯи нашри адабиёти бадеӣ зиёд ва китобхонаҳо бо чунин адабиёт таъмин карда шаванд;

-дар озмун иштироки тарбиягирандагони муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони синфҳои 1-4 (дар ҳамин бахш) алоҳида, ҷудо аз хонандагони синфҳои 5-11 пешбинӣ карда шавад;

-рӯйхати адабиёти пешниҳодшаванда такмил дода шавад;

-ба озмун номинатсияи «Китобдорӣ» низ ворид карда шавад.

Воқеан, китоб ганҷинаи бебаҳоест, ки инсон ба он дилбастагии амиқ дорад. Он таҷассумгари бурду бохтҳои зиндагӣ, сарвати ҷаҳони маънавӣ ва раҳнамоест, ки ҷомеаро аз ҷиҳати маънавию идрок неруманд сохта, баҳри дарёфти ормонҳои олии инсонӣ ёвару маслиҳатгари беғараз мебошад. Бунёди ҷомеаи мутамаддин бидуни китоб имконнопазир аст. Аз ин рӯ дар кишварҳои мутамаддин ба эҷоди китобу дастраси умум гардонидани он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Китобхона ҳамчун муассисаи муҳими илмӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ва тарбиявӣ дар ғанӣ гардидани ҷаҳони маънавии инсонҳо нақши калидӣ бозида, хусусияти иҷтимоӣ пайдо кардани китобро баррасӣ менамояд.

Тоҷикон аз қадимулайём соҳиби фарҳанги олии китобу китобдорӣ буда, ба ҳама гуна осори хаттӣ арҷу эҳтиром гузоштаанду мегузоранд. Китоб барои миллати тамаддунофари мо ва аҷдоди соҳибфазлу донишварамон ҳамчун шиноснома ва нишони ҳастиву бақо пазируфта шудааст. Матлаби ёдшударо сухани пандомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит месозад: «Китоб дар назди мардуми мо чунон қадру манзалате дорад, ки онро зери болини тифли навзод мегузоранд. Бо ният ва умеде, ки дониш чароғи равшани дили ӯ ва дар гирудори зиндагӣ ҷавшани танаш бошад. Ин анъанаи нек бояд идома ёбад ва ба наслҳои оянда дарси ибрат гардад».

Мояи ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои неки китобу китобдорӣ, бунёди китобхонаҳои нав, нашри силсилаи асарҳои бадеӣ, адабӣ, илмӣ, таърихӣ, таълимӣ ва анвои дигари китобҳо вусъати ҳамаҷониба меёбанд ва соҳаи китобдорӣ дар мамлакат беш аз пеш рӯ ба инкишоф меорад.

Тазаккур бояд дод, ки сарчашмаи донишу маърифати ҷавонон аз оила оғоз мегирад. Зеро ҷавонон дар кадом муҳите, ки ба воя расанд, ба он пайравӣ мекунанд. Барои ин, пеш аз ҳама, падару модарон бояд ба тарбияи фарзанд диққати ҷиддӣ диҳанд. Дар баробари ба воя расонидани фарзанд, ҳамзамон барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ӯ низ бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд. Аз овони кӯдакӣ то ба мактаб рафтан онҳоро ба шунидану аз худ кардани мазмуну муҳтавои китоб одат кунонанд. Барои дар рӯҳияи китобхонию китобдӯстӣ тарбия намудани фарзандон ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳии наврасону ҷавонон китоб нақши муҳим мебозад. Гузашта аз ин, мо бояд дар зодрӯзу дигар ҷашнҳо дар баробари ба фарзандонамон харидани туҳфаҳо китоб низ тақдим намоем. Ё дар ин рӯз як бор андеша кунем, ки охирин бор кай ба фарзандамон китоб харидем ё онро туҳфа карда будем?

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маорифу фарҳанг ин тарбияи насли ояндасози миллат дар рӯҳияи созандагӣ, бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва мероси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, равона сохтани майл ва завқу рағбати онҳо ба донишомӯзӣ, баҳрабардории ҳарчи бештари кӯдакону наврасон аз дастовардҳои илмию техникӣ, техника ва технологияи муосир ба шумор меравад. Тавре ки аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: «Моро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангиро беҳтар гардонем, аҳли ҷомеаро ба ин муассисаҳо ҳарчи бештар ҷалб кунем ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат ва рушди фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшем».

Зикри як нукта муҳим аст, ки бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо унвони «Китоб ва ташаккули фарҳанги иттилоотӣ дар замони муосир» дар ҳошияи Намоишгоҳи сеюми байналмилалии китоби Душанбе 5 сентябри соли 2013 бо ширкати олимон, донишмандон, ноширон, мутахассисону дастандаркорони умури китобу китобдорӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур академикҳои Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Маҳмадулло Лутфуллоев, Ирина Каримова, Файзулло Шарифзода, докторҳои илми педагогӣ, профессорон Бибиҳафиза Маҷидова, Сафар Сулаймонӣ, доктори илми филология Мурод Муродӣ, номзадҳои илми педагогӣ Бозорбой Холов, Шариф Комилзода, Сафар Шосаидзода, Сайфиддин Камолзода, Фозил Ёров, Қурбон Ғуломзода сухан гуфта, дастовардҳои китобу китобдорӣ ва мавқеи он дар ҷомеаи Тоҷикистонро аз манзари истиқлоли мамлакат баррасӣ намуданд. Ишора гардид, ки маҳз тавассути соҳибистиқлолӣ ва заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ анъанаи китобхонӣ ва китобдӯстӣ эҳё гардид ва ҳоло китоб манзалат ва эътибори худро бори дигар пайдо намуд. Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон таъсис дода шуданд ва китобхонаҳои нав ба фаъолият шурӯъ намуда, корвони китоб ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ фиристода мешавад. Наврасону ҷавонон ва калонсолон дастрасӣ ба китобро аз файзи истиқлол ва баракати он медонанд. Маврид ба ёдоварист, ки вазъияти чопи китобҳо, китобхонӣ, рушди илми китобдорӣ ва китобшиносӣ дар кишвар нишон медиҳад, ки рӯз ба рӯз ниёз ба он меафзояд ва дар ҳаллу фасли масоили иҷтимоию фарҳангӣ нақши арзанда мегузорад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «…ҳар қадар фарзандони миллат китобхон бошанд, ҳамон қадар миллат неруманд мешавад». Мақсад аз ин гуфтаҳо ҷалби наврасону ҷавонон ба китобу китобхона ва фароҳам овардани шароити созгор баҳри онҳо мебошад. Мо муваззаф ҳастем, ки наврасону ҷавононро аз овони хурдсолӣ ба роҳи дуруст ҳидоят намоем, дар дили онҳо ҳисси муҳаббат ба Ватанро бедор созем. Наврасону ҷавонон бояд дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон тарбия ёбанд.

Мояи ифтихор аст, ки бо иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар саросари мамлакат Рӯзи китоб бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Педагоги рус Василий Сухомлинский бисёр хуб зикр намудааст: «Агар аз бачагӣ дар кӯдак нисбат ба китоб меҳру муҳаббат парварида нашуда бошад, агар китобхонӣ талаботи маънавии якумраи ӯ нагардида бошад, дар солҳои наврасӣ дар вуҷуди наврас чизе нахоҳад буд, бешак ӯ хислати бад пайдо мекунад».

Китоб дӯсти беминнату вафодор ва роҳбалади оқилу хирадманди мост. Китоб — саводу дониш, китоб — маърифату фарҳанг, китоб — илму фазл ва ақлҳову тамаддунҳост, ки аз сухан сарчашма мегирад. Ва сухан ҷони зиндаи инсон бувад, ки гуфтаанд:

Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст?


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal