ДУШАНБЕ, 07.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар фазои тантанавӣ маросими қадрдонии ғолибони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва дигар иштирокчиён бо Ифтихорнома ва мукофоти пулии раиси вилоят доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.
Сардори Раёсати маорифи вилоят Одинашо Мардов гуфт, ки «аз миёни иштирокдорони даври вилоятии озмун ба даври ҷумҳуриявӣ 9 нафар роҳхат гирифтанд, ки аксарияташон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр ва ноҳияҳои вилоятанд».
Зикр гардид, ки дар даври ҷумҳуриявии озмун хонандаи синфи 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11–и ноҳияи Шуғнон Шаҳина Мабатқадамова аз рӯйи номинатсияи адабиёти бачагона соҳиби ҷойи якум ва хонандаи синфи 11-и Литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ Шарифамоҳ Одинамамадова аз рӯйи номинатсияи аз бар кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойи 3-юм гардида, иштирокдорони дигар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Раиси вилоят Ёдгор Файзов аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба иштирокдорони озмун, муаллимон ва волидони онҳо изҳори миннатдорӣ карда, ширкати фаъоли хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоятро дар он шоистаи таҳсин хонд.
«Озмуни мазкур, ки таҳти сарпарастии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид, бори дигар исбот менамояд, ки мардуми тоҷик таърихан миллати фарҳангдӯст, соҳибкитоб ва тамаддунофар буда, пайравӣ кардан ба гузаштаи пурифтихор ва рӯ овардан ба китобхонӣ дар замони муосир зарур ва ҳатмист. Маҳз тавассути мутолиаи китоб инсон барои худ ҷаҳонро кашф намуда, муҳити маънавиашро ғанӣ мегардонад. Хондани китоб дар ҷавонӣ -ин нақш дар санг аст. Аз ин рӯ, аз ҳоло бояд барои китобхонии фарзандонамон шароит муҳайё созем, то дар оянда мавқеи худро дар ҷомеа ёфта тавонанд»,-иброз намуд раиси вилоят.
Иштирокдорони озмун, волидайн ва омӯзгорон низ зимни суханронӣ миннатдории худро ба Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баён доштанд.