МЕНЮ
11
январи
2021
|
Таҳмина Ҳоҷибоева ва Шаҳло Неъматзода ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2020» гардиданд |
ДУШАНБЕ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мураббияҳои муассисаи томактабии №8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Таҳмина Ҳоҷибоева ва муассисаи томактабии №152-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шаҳло Неъматзода ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2020» гардиданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар озмуни мазкур 5 нафар мураббияи муассисаи томактабии №6-и ноҳияи Данғара Гулнора Оймадова, мураббияи муассисаи томактабии №152-и ноҳияи Сино Шаҳло Неъматзода, мураббияи муассисаи томактабии №7-и шаҳри Ҳисор Шаҳноза Раҳимова, мураббияи муассисаи томактабии №3-и ноҳияи Рӯшон Наргис Шарипова ва мураббияи муассисаи томактабии №8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Таҳмина Ҳоҷибоева иштирок намуданд. Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2020» давоми се рӯз гузашта, ҳар довталаб тибқи низомнома шартҳои муайяншударо иҷро намуда, соҳиби холҳои зарурӣ гардид.
Вазири маориф ва илми мамлакат Муҳаммадаюсуф Имомзода зимни маросими ҷоизасупорӣ иброз намуд, ки дарёфт ва муаррифӣ намудани мураббиёни боистеъдоду навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ, ташаккули қобилияту фаъолияти эҷодии онҳо дар замони муосир, такмили донишу маҳорати касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати онҳо яке аз ҳадафҳои муҳими озмун маҳсуб мешавад. Довталабон дар озмун бо маҳорати баланди педагогӣ ва донишу ҷаҳонбинии васеъ фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамчунин раиси аъзои ҳакамон, директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф Лутфия Иматова фаъолияти иштирокчиёни озмунро вобаста ба шартҳо дар алоҳидагӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, иброз намуд, ки дар иҷрои шартҳои муайяншуда – ҳисоботи мураббияҳо дар бораи фаъолияти педагогӣ, саволу ҷавоб аз рӯйи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, таҳлилу баррасии ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ, гузаронидани машғулияти таълимӣ, баргузории мизи мудаввар, тасвир ва сохтани мавод тибқи мазмуни раванди таълиму тарбия иштирокдорон фаъолияти хуб нишон дода, ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро пешниҳоди ҳакамон гардониданд.
Дар интиҳо ба ҳамаи иштирокдорон ва ғолибон туҳфаҳо, нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим гардиданд. Ҳамчунин аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни озмун туҳфаҳои пулӣ ва роҳхат барои истироҳат дар осоишгоҳҳо супорида шуд.