МЕНЮ
20
ноябри
2020
|
Вохӯриҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо кӯдакон бо аъзоёни Комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб дар вилояти Хатлон ва қабули шаҳрвандонва наврасони фаъол |
Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Р. ва кормандони масъули Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тибқи Барномаи амали макомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзҳои 16 - 18 октябри соли ҷорӣ зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб қабули шаҳрвандонро доир намуда, бо аъзоёни Комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак вохурӣ анҷом додаанд.
Чорабиниҳои зикргардида бо мақсади амалисозии банди 6 Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳо вобаста ба гузориши муттаҳидаи сеюм ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак ва протоколҳои иловагӣ ба он барои солҳои 2018-2022 ва Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2020 сурат гирифтанд.
Дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб 30 шаҳрванд аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак қабул карда шуд. Шаҳрвандон ҷиҳати мусоидат барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуди кӯдакон, фарзандхондии кӯдак, муоширати кӯдакон бо волидайн, таълиму тарбияи кӯдакони бо қонун дар мухолифатбуда, нигоҳубини фарзандони маъюбиятдошта, расонидани кӯмак, гирифтани нафақаи маъюбӣ, ба мактаб – интернат ҷойгир кардани кӯдакон ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак муроҷиат намуданд. Зимни қабули шаҳрвандон намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ иштирок доштанд. Ваколатдор бо дарназардошти манфиатҳои беҳтарини кӯдак ба муроҷиаткунандагон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, бо аксарияти онҳо дар ҳалли масъалаҳои гузошташуда мусоидат намуданд.
Зимни воҳӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзоёни Комиссияҳои маҳаллии ҳуқуқи кӯдак вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакони бо қонун дар мухолифатбуда, таҳсили кӯдакони маъюб, ҷалби кӯдакони бо қонун дар мухолифатбуда ба таҳсилоти иловагӣ таклифҳои дахлдор пешниҳод карда шудаанд.