МЕНЮ
12
ноябри
2020
|
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба кор бо гурезаҳо мулоқот намуд |
ДУШАНБЕ, 12.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозода бо Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо гурезаҳо (UNHCR) Мулугета Зевди мулоқот доир намуд. Дар ин бора аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар мулоқот Умед Бобозода доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал дода, зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон пайваста талош меварзад ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ назаррас мебошад.
Умед Бобозода ҳамчунин иброз дошт, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ташкил шудан дар самти ҳимоя ва таъмини эҳтирому риояи ҳуқуқи инсон дар маҷмӯъ, хусусан дар самти таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои гурезаҳо ва шахсони бешаҳрвандӣ (апатридҳо), ки яке аз табақаҳои осебпазирро ташкил медиҳанд, аҳамияти махсус медиҳад.
Дар вохӯрӣ Мулугета Зевди пайваста талош ва саҳм гузоштани Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, хусусан ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои гурезаҳо, шахсони паноҳҷӯй ва шахсони бешаҳрвандӣ дар сатҳи назаррас арзёбӣ карда, изҳор намуд, ки иқдоми мазкур барои пешрафту рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим аст.
Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо гурезаҳо (UNHCR) Мулугета Зевди аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ҷиҳати пазироии самимӣ ва идома додани ҳамкории мутақобилан судманд баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, махсусан гурезаҳо, шахсони паноҳҷӯянда ва бешаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва тақвият додани ҳамкории тарафайн изҳори миннатдорӣ намуд.