ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
×

Хатогӣ

Cann't get any slider data to generate slide in module "mod_sp_smart_slider".
17
сентябри
2020

Санҷиш дар МТМУ №101 ва №24 шаҳри Душанбе

Дар доираи амалисозии Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 рӯзҳои 4 ва 11 сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар МТМУ №101 ва №24 шаҳри Душанбе санҷиш гузаронида шуд.

 

Тибқи нақшаи санҷиш сараввал бо директорони муассисаҳои таълимӣ мусоҳиба доир гардида, маводҳои иттилоотӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019, маҷаллаи “Ахбори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва брошюраи “Ҳуқуқҳои худро муҳофизат намо” тақдим карда шуд.
Зимни санҷиш атрофи муассисаҳо, биноҳо, роҳравҳо, синфхонаҳо, майдончаҳои варзишӣ, толори варзишӣ, ошхона, бунгоҳи тиббӣ ва ҳоҷатхонаҳо аз назар гузаронида шуданд.

20200904 121345


МТМУ №101, ки дар ноҳияи Сино ҷойгир аст, соли 2016 бо талаботи замони муосир сохта, ба истифода дода шуда, дар он таҳсил бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Дар муассисаи таълимии мазкур 1896 хонанда дар ду баст таҳсил намуда, ба онҳо 84 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд.
МТМУ №24 бошад дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷойгир буда, соли 1978 ба истифода дода шуда, дар он таҳсил бо забонҳои давлатӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Муассисаи таълимӣ барои таҳсили 2000 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Айни ҳол дар он 4091 хонанда дар ду баст таҳсил мекунанд. Ба кӯдакон 144 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд.

20200904 122928


Дар муассисаҳои зикршуда рафти иҷрои “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018- 2020” хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, озмоишгоҳҳо аз фанҳои химия ва физика бо асбобу маводи зарурӣ таъмин карда шуда, кабинетҳои фаннӣ аз фанҳои биология, тахнологияҳои иттилоотӣ ва таълими меҳнат таҷҳизонида шудаанд.
Зимни санҷиш дар муассисаҳо ба масъалаи пешгирӣ аз вируси COVID-19 низ диққат дода шуд. Маълум гардид, ки дар даромадгоҳи ҳарду муассиса шахсони мутасаддӣ бо маводҳои антисептикӣ, ниқоб ва ҳароратсанҷ қарор дошта, омӯзгорон ва хонандагонро аз назар мегузаронанд ва доштани ниқобҳоро назорат мекунад. Дар долонҳо лавҳаҳои иттилоотӣ вобаста ба пешгирии COVID-19 овезон буда, омӯзгорону хонандагон вобаста ба пешгирии COVID-19 маълумоти кофӣ доштанд.
Дар интиҳои санҷиш аъзои гурӯҳи корӣ бо роҳбарияти муассисаи таълимӣ суҳбати ҷудогона доир намуда, натиҷаҳои пешакии санҷишро баён ва ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ошкоршуда тавсияҳои дахлдорро пешниҳод намуданд.


Омодакунандаи сомона DarAmal