МЕНЮ
17
сентябри
2020
|
Санҷиш дар Ширхоргоҳ-кӯдакистонҳои №41 ва №157 шаҳри Душанбе |
Дар доираи амалисозии Стратегияи фаъолияти ВҲК ҶТ барои солҳои 2018-2020 рӯзҳои 7 ва 11 сентябри соли 2020 дар Ширхоргоҳ-кӯдакистони №41 ш. Душанбе ва Ширхоргоҳ-кӯдакистони №157 ш. Душанбе аз ҷониби кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш гузаронида шуд.
Тибқи нақшаи санҷиш сараввал бо директорони муассисаҳои таълимии томактабӣ суҳбат гузаронида шуда, оид ба фаъолияти мақомоти ВҲИ ҶТ маълумоти мухтасар пешниҳод карда шуд. Дар баробари ин маводи иттилоотӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Маърӯзаи ВҲК ҶТ барои соли 2019, маҷаллаи “Ахбори ВҲИ ҶТ” ва брошюраи “Ҳуқуқҳои худро муҳофизат намо” тақдим карда шуд.
Зимни санҷиш атрофи муассисаҳо, биноҳо, роҳравҳо, ҷойҳои хоб,ҳоҷатхонаҳо, ҳуҷраҳои ҷомашӯйи, ҳуҷраҳои ёрии тиббӣ, ошхонҳо, анборҳои маводи хурока, толорҳои варзишӣ ва мусиқӣ, майдончаҳои варзишӣ, айвончаҳо барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ аз назар гузаронида шуданд.
Ширхоргоҳ-кӯдакистони №41 дар ноҳияи И.Сомонии ш.Душанбе ҷойгир буда, соли 2016 ба истифода дода шуда, барои 250 нафар кӯдакон пешбинӣ шудааст. Муассиса барои 8 гурӯҳ, аз ҷумла 2 гурӯҳ барои кӯдакони аз 3 то 4-сола, 2 гурӯҳ барои кӯдакони аз 4 то 5-сола, 2 гурӯҳ барои кӯдакони аз 5 то 6-сола ва 2 гурӯҳи омодагӣ ба мактаб фаъолият мекунанд. Айни ҳол дар муассиса 250 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба кӯдакон 20 нафар кормандон таълиму тарбия медиҳанд.
Ширхоргоҳ-кӯдакистони №157 дар ноҳияи Синои ш.Душанбе ҷойгир буда, соли 1978 ба истифода дода шуда, барои 750 нафар кӯдакон пешбинӣ шудааст. Он бо фарогирии 28 гурӯҳ кӯдакони аз 3-сола то омодагӣ ба мактаб фаъолият мекунанд. Айни ҳол дар муассиса 750 нафар кӯдакон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 313 нафар духтарон мебошанд. Ба кӯдакон 64 нафар кормандон таълиму тарбия медиҳанд.
Машғулиятҳо дар асоси барномаҳо ва нақшаҳои тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Дар Кӯдакистонҳо барои пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Ҳар саҳар пеш аз саршавии кор ҳарорати бадани кормандон ва кӯдакон санҷида шуда, дар дафтари махсус қайд карда мешавад. Ғайр аз ин ҳар як гурӯҳ бо ҳароратсанҷҳо таъмин буда, мураббиён дар алоҳидагӣ ҳарорати бадани кӯдаконро санҷида, дар дафтари алоҳида ба қайд мегиранд. Инчунин, барои риояи тозагӣ ва пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҳар ҳафта ду маротиба зарфҳои хӯрокхӯрии кӯдакон бо маводи гипохлорид калсий безарар гардонида мешаванд.
Ҳуҷраи ёрии тиббӣ дар ҳолати хуб қарор дошта, барои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ бо доруҳои гуногун таъмин карда шудааст. Ҳангоми расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба кӯдакон аз тарафи ҳамшираи тиб дар дафтари махсус қайд карда мешавад ва кӯдакон дар ҳуҷраи махсус дар алоҳидагӣ нигоҳ дошта шуда, волидайн барои назорати минбаъдаи кӯдак огоҳ карда мешаванд. Ҳамаи кӯдакон вобаста ба синну сол аз имунизатсия гузаронида шудаанд. Ғайр аз ин ҳар рӯз аз тарафи ҳамшираи тиббӣ ҳолати саломатии кӯдакон назорат карда мешавад. Ҳолати тозагии кӯдакон дар як ҳафта ду маротиба рӯзҳои душанбе ва ҷумъа ҳар як гурӯҳ дар алоҳидагӣ аз тарафи ҳамшираи тиббӣ санҷида мешавад.
Аз натиҷаи санҷиш ба роҳбарияти муассисаҳо барои беҳтар намудани вазъи дастрасии кӯдакон ба таълиму тарбия, ҳифзи саломатӣ ва истироҳату фароғат тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуд.