Дар доираи чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак рӯзи 1 июни соли 2019 кормандони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, муовини Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак Нидоев Ҳусниддин ва муовини Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ Низомов Абдуҳалим ба Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе ташриф овард.
Сараввал кормандони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз вазъи риояи ҳуқуқи тарбиятгирандагон ва шароити будубоши онҳо аз наздик шиносоӣ пайдо карда, баъдан бо ҳайати роҳбарикунанда, кормандон, омӯзгорони муассиса ва тарбиятгирандагон суҳбатҳои алоҳида баргузор намуданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз бо ташаббуси устодон ва тарбиятгирандагони муассиса бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак чорабинии маърифатӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо сухани табрикӣ баромад намуда, вобаста ба таърихи пайдоиши ҷашнгирии санаи мазкур, ҳуқуқу озодӣ ва уҳдадориҳои кӯдакону ҷавонон, таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати кӯдакон, инчунин хатарҳои ҷаҳони муосир аз қабили терроризму экстремизм ибрози назар намуданд.