ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

31
майи
2019

ВОХӮРИИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК БО ТОЛИБИЛМОНИ ГИМНАЗИЯИ ХУСУСИИ ТОҶИКИСТОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Рӯзи 30 майи соли 2019 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Ҳабибулозода дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон – 1 июн ба Гимназияи хусусии Тоҷикистон ташриф оварда, бо муҳассилини ин боргоҳи таълимӣ вохӯрӣ анҷом дод.

Дар вохӯрӣ Р.Ҳабибулозодаро Ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак – А.Солиев ва мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Машрабзода Азимҷон ҳамроҳӣ намуданд.

Сараввал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Р.Ҳабибулозода бо директори муассисаи мазкур Қаҳҳорова Кимиё Бобоҷовна ҳамсуҳбат шуд. Зимни суҳбат масъалаҳои вобаста ба шароити таълиму тарбия, китобҳои дарсӣ ва вазъи риоя гаштани ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар муассисаи мазкур маълумоти муфассал дод.

Дар чорабинии маърифатӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак сараввал кӯдакон ва омӯзгоронро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуда, баъдан дар бораи таърихи пайдоиши ин сана, ғамхориҳои давлату ҳукумат бобати таъмини ҳаёти арзанда ба кӯдакон ва таъмини риояи ҳуқуқҳои онҳо суханронӣ намуд.

IMG 20190530 124650

Вобаста ба ҳуқуқ, озодӣ ва уҳдадориҳои кӯдакон мутобиқи Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва қонунгузории миллӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар ҶТ Машрабзода Азимҷон муаълумоти муфасссал дод.

Сипас барои дар шакли рангину ҷолиб гузаронидани чорабинӣ аз ҷониби А.Солиев викторинаи “Ҳуқуқ” ё “Уҳдадорӣ” дар шакли саволу ҷавоб тариқи слайдҳои омодашуда намоиш дода шуд ва толибилмон дар навбати худ бо як завқи том ба саволҳо ҷавоб доданд.

Дар охир Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба роҳбарият ва кормандони муассиса барои ғамхорӣ нисбати кӯдакон изҳори миннатдорӣ баён намуда, ба нафароне, ки ба саволҳо аз ҳама бештар посухи дуруст доданд, туҳфаҳои хотирмон супорида шуданд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal