ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

6
декабри
2018

ВОХӮРИИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК БО КОРШИНОСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ РЕЙДАР КВААЛ ХЕРМАН

Бо мақсади иҷрои Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳо вобаста ба гузоришҳои муттаҳидаи сеюм ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2022 ва тақвият додани самаранокии механизми мавҷудаи баррасии муроҷиатҳои кӯдакон санаи 4 декабри соли 2018 дар Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрии коршиноси байналмилалӣ Рейдар Кваал Херман бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Ҳабибулозода Р. ва кормандони Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Ҳабибулозода Р. дар бораи мақсади таъсиси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, салоҳият ва фаъолияти он маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Ҳангоми суҳбат тарафҳо андешидани тадбирҳои дахлдорро ҷиҳати тақвият додани механизми мавҷудаи баррасии муроҷиати кӯдакон дар Дастгоҳи ВҲИ ҶТ, аз ҷумла тавассути ҷудо намудани захираҳои зарурии техникиву молиявӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба масъалаҳои қабул ва такмилу таҳким бахшидани баррасии муроҷиати кӯдакон ва баланд бардоштани огоҳии ҷомеа, махсусан кӯдакон дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва имконияти муроҷиатҳои инфиродии кӯдакон ба ниҳоди мазкур мубодилаи афкор намуданд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal