Санаи 10-декабр барои ҷаҳониён таърихиву муътабар мебошад, зеро 70 сол муқаддам пас аз анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 10-декабри соли 1948 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид яке аз санадҳои муҳимтарини инсоният – Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон қабул карда шуд.
Эъломияи мазкур то имрӯз барои қабули санадҳои гуногуни байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон нақши муҳим мебозад. Ин аст, ки бо қарори Ассамблеяи генералии СММ ҳамасола ҷаҳони мутамаддин ин санаро ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил мекунад.
Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд Рӯзи ҳуқуқи инсонро ҳамасола таҷлил менамояд. Дар ин раванд аз ҷониби мақомоти ВҲИ ҶТ ҳамасола силсилаҷорабинҳое ба нақшп гирифта мешаванд, ки муддати як ҳафта идома ёфта, рӯзи 10-декабр ҷамъбаст карда мешаванд.
Қобили қайд аст, ки дар доираи таҷлили Ҳафтаи ҳуқуқи инсон санаи 3 декабр Рӯзи байналмилалии маъюбон ҷашн гирифта мешавад, ки тибқи қарори Ассамблеяи генералии СММ №47/3 аз 14 октябри соли 1992 муқаррар шудааст. Қарори мазкур дар арафаи анҷомёбии Даҳсолаи маъюбон (1983-1992) қабул карда шуда, ҳадаф аз он пешбурди ҳуқуқи маъюбон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, инчунин ҷалб намудани таваҷҷуҳи тамоми қишрҳои ҷомеа ба мушкилоти маъюбон мебошад.
Қабули Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон (соли 2006) ва мавриди амал қарор додани он (аз 3 майи соли 2008), амалисозии барномаҳои умумиҷаҳонии “Ҳадафҳои ҳазорсола” барои солҳои 2000-2015 ва “Ҳадафҳои рушди устувор” барои солҳои 2016-2030 ва дигар санадҳои стратегии глобалӣ идомаи мантиқии фаъолияти бисёрсолаи СММ дар ин самт мебошад.
Чорабиниҳое, ки ҳар сол дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии маъюбон гузаронида мешаванд, зери шиори муайян сурат мегиранд. Аз ҷумла барои соли 2018 шиори “Вусъат додани имкониятҳои маъюбон ва таъмини фарогирӣ ва баробарӣ” муайян шудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, аз ҷумла кӯдакони маъюбиятдошта тадбирҳои дахлдор андешида шуда, амалисозии як қатор консепсияву стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд барои солҳои 2011-2015, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, Барномаи давлатии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020, Консепсияи гузариш ба низоми нави тањсилоти миёнаи умумї дар Ҷумњурии Тољикистон аз ҷумлаи чунин санадҳо мебошанд.
Моҳи марти соли 2018 дар қароргоҳи СММ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидани Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи маъюбон дар раванди бунёди ҷомеаи таҳаммулпазир ва аз монеаҳои иҷтимоӣ озод қадами муҳим мебошад.
ВҲК ҶТ тибқи Стратегияи фаъолияти худ барои солҳои 2018-2020 мусоидат ба таъмини ҳуқуқи кӯдакони маъюбиятдошта ба таҳсилоти босифат дар муҳити фарогирро самти афзалиятноки фаъолияти худ арзёбӣ намуда, соли ҷорӣ дар ин самт як қатор тадбирҳоро андешид. Аз ҷумла, соли 2018 дар доираи амалисозии Стратегияи зикршуда аз ҷониби ВҲК ҶТ ба 8 минтақаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Рӯшону Ишкошими ВМКБ, ноҳияи Сангвор, ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, шаҳрҳои Хуҷанду Исфара ва ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд сафарҳои корӣ анҷом дода шуданд.
Сафарҳои кории мазкур бо мақсади аз наздик муаррифӣ намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, салоҳият ва вазифаҳои ӯ, муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар маҳалҳо, инчунин таҳким бахшидани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти ВҲИ ҶТ анҷом дода шуданд.
Инчунин зимни сафарҳои корӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ мониторинги фаъолияти 4 мактаб-интернат, 1 маркази тавонбахшӣ ва 5 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла МТМУ №5 шаҳри Хоруғ ва МТМУ №32 ноҳияи Ишкошими ВМКБ, Мактаб –интернати ҷумҳуриявӣ барои ятимон ва МТМУ №2 дар ноҳияи Сангвор, Муассисаи давлатии “Маркази байналмилалии тавонбахшӣ” ва МТМУ №9 дар ноҳияи Балҷувон, Мактаб - интернат барои кӯдакони кар ва шунавоияшон сусти н. Б. Ғафуров, Мактаб – интернати ёрирасон барои кӯдакони ақлан носолим дар ш. Хуҷанд, Мактаб - интернати махсус барои кӯдакони дорои биноиши паст ва нобино ва МТМУ №1 дар ш. Исфара гузаронида шуданд. Ба ҳайати гурӯҳи мониторингӣ намояндагони сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятии “Ҳаёт дар оила”, “Рушди инклюзия” ва “Ассотсиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд” шомил гардида, дар фаъолияти самараноки гурӯҳ ҳиссагузорӣ намуданд.
Натиҷаҳои ҷамъбастии сафарҳои кории мазкур ва аз ҷумла мониторинги фаъолияти муассисаҳои номбаршуда рӯзи 4 декабри соли 2018 дар доираи таҷлили Ҳафтаи ҳуқуқи инсон дар мизи мудаввари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо иштироки раисони комиссияҳои маҳаллии ҳуқуқи кӯдак, роҳбарони Намояндагиҳои ВҲИ ҶТ дар вилоятҳо, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорони ватанӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд. Аз натиҷаҳои мизи мудаввар ба мақомоти дахлдори марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак ва маъмурияти муассисаҳои алоҳидаи кӯдакона тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда мешаванд.
Бо мақсади тақвият додани фаъолияти муассисаҳои кӯдакона дар ҷумҳурӣ дар самти риоя, эҳтиром ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак ВҲК ҶТ тасмим гирифтааст, ки ҳамасола бо ҷалби ҷонибҳои манфиатдор чунин чорабиниҳоро гузаронида, аз натиҷаи онҳо ба вазорату идораҳои дахлдор тавсияҳои асоснок пешниҳод намояд.