Тибқи Нақшаи кори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзҳои 13-15 сентябри соли 2018 гурӯҳи кории мақомоти ВҲИ ҶТ дар ноҳияи Сангвор сафари хизматӣ анҷом дод.
Сафари хизматии мазкур дар доираи амалисозии Стратегияи фаъолияти ВҲК ҶТ барои солҳои 2018-2020 бо мақсади аз наздик муаррифӣ намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба ҷомеаи ноҳия, салоҳият ва вазифаҳои ӯ, қабули шаҳрвандон, таҳким бахшидани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии ноҳияи Сангвор бо ниҳоди ВҲК ҶТ, инчунин мониторинги фаъолияти МТМУ №2 ва Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим анҷом дода шуд.
Дар доираи сафари хизматӣ гурӯҳи корӣ бо Раиси ноҳия ва муовини соҳавии Раиси ноҳия мулоқотҳои муфид анҷом дода, бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо масъулини соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва табодули афкор намудан дар маҷлисгоҳи МИҲД ноҳияи Сангвор бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла масъулини ниҳодҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ВАО ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вохӯрӣ гузарониданд.
Дар вохӯрӣ роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба амалишавии Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва протоколҳои иловагии он, сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кўдакон, вазифа ва нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, муқаррароти қонунҳои ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи зўроварӣ дар оила”, эҳтироми фикри кӯдакон дар раванди ҳаёти оилавӣ, аҳамияти таълиму тарбияи кӯдак дар оила ва таъсири манфии фиристодани кўдак ба муассисаи будубоши доимӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Сипас иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар сатҳи ноҳия ибрози назар намуданд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.
Дар анҷоми сафари корӣ аъзои гурӯҳи корӣ бо фаъолияти Маркази тавонбахшии кӯдакони “Меҳр”, ки аз ҷониби ҶДММ “Наҷҷор” тибқи фармоиши давлатӣ амалӣ карда мешавад, шиносоӣ пайдо намуданд.
Зимни шиносоӣ бо кормандони Марказ, кӯдакон ва модарони онҳо суҳбатҳои алоҳида гузаронида шуда, ҷиҳати пешбурди фаъолият ба онҳо тавсияҳои дахлор пешниҳод карда шуданд.
Қобили қайд аст, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои дар доираи сафари корӣ пешбинишуда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ҳамҷониба мусоидат намуд.