Дар доираи амалисозии Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шўрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврї (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017 тасдиқ шудааст ва дар асоси Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2018 рӯзи 18 сентябри соли 2018 дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамчун механизми иловагии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор карда шуд.
Мақсад аз баргузор намудани мизи мудаввари мазкур баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони МИҲД, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимї ва аҳолӣ вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, вазифаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (ВҲИ) ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (ВҲК) дар самти мазкур, инчунин муаррифии фаъолияти Қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ дар шаҳри Турсунзода дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон буда, дар кори он намояндагони мақомоти давлатӣ (сохторҳои МИҲД, суд, прокуратура, РВКД, ШВКД, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ғ.), иштирок ва баромад намуданд.
Тибқи барнома чорабиниро бо суханони ифтитоҳӣ муовини раиси ноҳияи Шаҳринав Неъматуллозода Шоиста Неъматулло, ки ҳамзамон раиси Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки МИҲД мебошад ҳусни оғоз бахшида, ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои баргузор намудани мизи мудаввар ва актуалӣ будани мавзӯи интихобшуда изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Зимни баромад Неъматуллозода Ш. қайд намуд, ки вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон ва иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шўрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон масъулини ноҳия диққати ҷиддӣ дода, саривақт ба Комиссияи назди Ҳукумати ҶТ оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳисоботҳои даврии худро пешниҳод менамоянд.
Зимни баромади худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак – Ҳабибулозода Р. дар мавзӯи «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамчун механизми иловагии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба таъсисёбӣ, ваколат ва салоҳияти мансаби мазкур, Стратегияи фаъолият, санҷишу мониторингҳо ва пешрафту мушкилоти ҷойдошта дар самти пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар ҷумҳурӣ, дар бораи фаъолияти ВҲК дар соли 2017, пешниҳод намудани Маърӯзаҳои миллӣ ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак тибқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва ду Протоколи иловагӣ ба он, тавсияҳои аз ҷониби давлатҳои аъзои СММ ба Тоҷикистон пешниҳодшуда, нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳо, зарурати фаъол гардонидани кори комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак ва нақши онҳо дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдак ба иштирокчиён маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Баъдан тибқи барнома ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак – А.Солиев баромад намуд. Аз ҷумла, зимни баромад вобаста ба расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (ШУД), тавсияҳои даври аввали ШУД (соли 2011) ба Тоҷикистон ва тавсияҳои даври дуввуми ШУД (соли 2016) ва умуман уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳия шудани нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои расмиёти ШУД барои солҳои 2017-2020, вазифаи шахсони тамос – масъулони иҷрои тавсияҳои мақомоти Созмони Милали Муттаҳид дар МИҲД ва дигар масъалаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, тартиби пешниҳод намудани гузориш ба Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини татбиқи уҳдадориҳои байналмилалї дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва мушкилиҳо дар ин самт гуфта шуд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи расмиёти ШУД ва Нақшаи миллии амалҳо барои солҳои 2017-2020, ки аз 33 банд иборат аст сар карда аз соли 2017 як қатор корҳоро ба сомон расонид. Дар умум тибқи тавсияҳои мақомоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ба Тоҷикистон аз соли 2010 то имрӯз 1037 тавсия пешниҳод шуда, айни замон дар асоси ин тавсияҳо якчанд нақшаҳои милли амалҳо таҳия ва иҷро шуда истодаанд.
Роҳбари ҚҶ ВҲИ Назирова Баҳринисо вобаста ба таҷрибаи фаъолияти Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Турсунзода ба щозирин иттилоъ дод. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар соли 2018, 6 муроҷиати сокинони ноҳияи Шаҳринав қабул ва баррасӣ карда шудааст.
Муроҷиатҳои воридшуда аз ҷониби сокинони ноҳияи Шаҳринав аслан ба масъалаҳои оилавӣ, аз қабили муқаррар намудани падарӣ, ситонидани алимент, маскун намудан ва гирифтани молу мулки дар давраи хонадоршавӣ бадастомада вобаста мебошанд, ки ба ҳамаи онҳо ёрии ҳуқуқии якумдараҷа расонида шудааст.
Зимни музокира аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ташкил намудани тренинг ва мизҳои мудаввар дар ҷамоат ва маҳалҳои дурдасти ноҳия, ташкил намудани машваратҳои сайёри роҳбари ҚҶ ВҲИ дар ноҳияи Шаҳринав пешниҳод карда шуд.
АЗИЗ СОЛИЕВ
Ёрдамчии Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ