ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

2
июни
2017

Калонсолон намунаи ибрати кӯдакон бошанд

Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва тасвиби Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак дар қонунгузории кишвар ҷиҳати пешравиҳо дар ин самт тағйиротҳои куллӣ ба амал омаданд. Ба қонунҳои амалкунанда, ки ба таъмини ҳуқуқҳои кӯдак алоқаманд буданд, тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.

Инчунин баҳри мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак як қатор қонунҳои нав қабул гардида, ҷиҳати татбиқи онҳо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳо ва консепсияҳо то имрӯз қабул шуда истодаанд.

Бо назардошти он ки омӯзгор нафарест, ки аз сатҳи тахассус ва маърифати ӯ риояи ҳуқуқҳои кӯдак дар муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ва ҳифзи кӯдак аз зӯроварӣ дар оила вобаста буда, кормандони муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таълимӣ баъзан умеди ягонаи кӯдак ва падару модаранд, дар кишвар ба рушди соҳаи маориф ва такмили тахассусии кормандони он диққати ҷиддӣ дода мешавад. Бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар руҳияи инсондустӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ ба воя расонидани насли наврас ва ҳифзи манфиатҳои кӯдакон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул шуд.

Пӯшида нест, ки тамоми ҳаёти калонсолон барои кӯдак намунаи ибрат аст. Тарбияи кӯдак аз падару модар талаб мекунад, ки онҳо дар баробари он ки дӯсти фарзанди худ бошанд, бояд равоншинос, омӯзгор ва ҳатто баъзан худ толибилм бошанд. Тарбияи кӯдак, таъмини ҳуқуқҳои ӯ дар оила пеш аз ҳама аз тарбияи худи мо — падару модарон оғоз мегардад. Мо — падару модарон, пеш аз ҳама, бояд бо рафтори худ, муносибат бо атрофиён ва махсусан бо фарзандону дигар аъзои оила, ба тарзи сухан гуфтан ва дигар хислатҳои инсонии худ аҳамият диҳем. Ин муносибатҳо бояд самимӣ бошанд. Сохтакориро кӯдак ҳис мекунад ва ҳатто дар оянда метавонад тамоми рафтору гуфтори ӯ сохта бошад. Чунки падару модар барои фарзанд аз ҳама ҷиҳат намунаи ибратанд. Ҳар як амал, андешаронӣ, ҳимоя ва таъмини манфиатҳою талаботи мо, умуман тамоми муҳити оила, ки кӯдак дар он ва аз он нафас мегирад, дар тарбияи кӯдак, рушди ӯ ҳамчун шахсият, донистани мавқеи худ дар ҷамъият, иҷрои уҳдадориҳояш дар ҷомеа таъсир мерасонад.

Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеа муносибату маърифати инсонӣ дар муҳити оилавӣ, эҳтироми калонсон ва дӯстдорию меҳрубонӣ нисбати фарзандон то дараҷае коҳиш ёфтааст. Бинобар ин, пеш аз оиладоршавию фарзанддоршавӣ баҳри иҷрои уҳдадориҳои оиладорӣ ва фарзанддорӣ ҷавононро омода кардан зарур аст.

Муҳаммад САЛОҲИДДИНОВ, корманди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон


Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal