ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

7
августи
2017

Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба насли ҷавон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи зиёд ба насли ҷавон соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намуд.

Ин иқдоми наҷиб, агар аз як тараф ба рукнҳои иҷтимоии демографӣ ва сиёсӣ-стратегӣ рабт дода шавад, аз тарафи дигар хусусияти таърихӣ дорад. Зеро насли ҷавони кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали мустақилияти кишвар дар бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бо ташаккул ва амалӣ намудани самти махсуси фаъолият, сиёсати давлатии ҷавонон давра ба давра ҳамқадами Ҳукумат мебошад.

Бо мақсади ҷалби насли ҷавон ба фаъолнокии сиёсӣ ва иқтисодӣ дар кишвар 17 марти соли 1994 дар Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти аввалини расмии Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (он вақт Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон), муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар баргузор гардид. Ин ҳамоиш дар шароите баргузор гардид, ки сохторҳои идоракунии давлатӣ ташаккул меёфт ва мамлакат дар оғуши ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Вале новобаста аз ин, бо умеди роҳнамоии ҷавонон ба фардои нек ва равонасозии онҳо ба бунёди давлати аҷдодӣ, дастёбӣ ба мустақилияти комил, ҳувияти миллӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ Пешвои миллат бо ҷавонон мулоқот кард. Дар натиҷаи мулоқот таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҷавонон хеле зиёд гардид, ҳавасмандии ҷавонон барои бунёди давлати навин баланд гашта, ҳаракатҳои нахустини ҷамъиятии ҷавонон, маҳфилҳо ва гуруҳҳои худфаъол ташаккул ёфтанд.

Дар ин давраҳои таърихӣ бо пуштибонӣ ва дастгирии доимии Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дастовардҳои хеле зиёдро тавонистем ноил гардем; шароитҳои мусоид ва муносиби рушду такомулёбӣ барои ҳар як фарди ҷавон фароҳам оварда шудаанд, ки боиси ифтихор ва фараҳмандӣ мебошад.

Дар сатҳи қонунгузори бошад ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон тавассути механизмҳои мухталиф амалӣ шуда истодааст, ки дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор мавриди амал қарор гирифтаанд. Масалан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»(соли 2004). Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ», Консепсияи инкишофи қонунгузории ҶТ (аз соли 2011), Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии ҶТ (аз соли 2013), Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони ҶТ барои солҳои 2009-2019 ва дигар.

Имрӯз вазифаи аввалиндараҷаи ҷавонон таҳкими сулҳу ваҳдат ва нигоҳдории оромии мамлакатамон мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар як ҷавон бояд ҳеҷ гоҳ мафҳумҳои озодӣ, Истиқлолият ва Конститутсияро аз мадди назар дур насозад. Ҳамаи андешаву кӯшиши худро ҷиҳати таъмини волоияти қонун, болоравии эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, ватандустиву ватанпарастӣ, таҳкими ваҳдат равона созад.

Ҷавононро мебояд, ки бештар ва хубтар бо руҳияи баланд ва ифтихору қадрдонӣ (аз иқдомҳои Пешвои миллат, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ) кӯшиш намуда, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизамон ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати куҳанбунёд, соҳибтамаддун ва фарҳангдӯстамон камари ҳиммат баста ва пайваста созанда ва бунёдкор бошанд.

Паёми Душанбе
02.08.2017 № 62 (2225)


Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal