Конститутсияи ҶТ, қонунҳои ҶТ «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак”, Кодекси оила, Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ҳуқуқи кўдаконро ба таҳсил кафолат медиҳанд.
Яке аз аввалин санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба тасвиб расонидааст, Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак мебошад. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар доираи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, аз ҷумла дар самти ҳуқуқи дастрасии кӯдакон ба таҳсил пайваста талош намуда, тайи солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсили бепул ва ҳатмии умумии асосӣ кафолат дода шудааст. Дар мавриди поймол намудани ҳуқуқи дастрасии кӯдак ба таҳсил, яъне монеъгӣ барои гирифтани таҳсилоти умумии асосии кӯдакон қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ пешбинӣ намудааст.
Бо мақсади таъмин намудани баробарии гендерӣ дар самти таҳсил қонунҳо ва барномаҳои дахлдори давлатӣ қабул ва амалӣ шуда истодаанд, ки тибқи онҳо барои духтарон имтиёзҳои иловагӣ муқаррар шудаанд. Бист сол аст, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ низоми квотаҳои президентӣ амал мекунад ва тибқи он духтарон ва писарон метавонанд бе супоридани имтиҳоноти дохилшавӣ ба мактабҳои олии кишвар қабул шуда, ройгон таҳсил намоянд.
Бо мақсади таъмин намудани шаффофият ҳангоми супоридани имтиҳонот барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ дар ҷумҳурӣ низоми тестӣ ҷорӣ карда шудааст ва тибқи он барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ноҳияҳои дурдаст имтиёзҳои ҷудогона пешбинӣ шудаанд.
Тибқи Стратегияи фаъолияти ВҲИ ҶТ барои солҳои 2016-2020 ҳуқуқи дастрасии кӯдакон ба таҳсил яке аз самтҳои афзалиятнок муайян шудааст. Дар Стратегияи фаъолияти ВҲК ҶТ барои солҳои 2018-2020 низ бо мақсади ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи дастрасии кӯдакони маъюб ба таҳсилоти босифат дар муҳити фарогир ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти ВҲК муқаррар шудааст.
Таҳлили вазъи имрӯзаи дастрасии кӯдакон ба таҳсил ва натиҷаҳои мониторинги фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар ҷумҳурӣ нишон медиҳанд, ки яке аз мушкилиҳои асосӣ дар ин самт нарасидани ҷойҳои нишасти таълимӣ барои кӯдакон мебошад ва чунин ҳолат аз Ҳукумати ҷумҳурӣ тақозо менамояд, ки ҷиҳати азнавсозӣ ва бунёди муассисаҳои нави таълимӣ пайваста чораандешӣ намояд.
Ин аст, ки теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар кишвар сол аз сол меафзояд. Тибқи маълумоти бадастомада фақат дар соли 2016 201 бинои таълимӣ бунёд ва азнавсозӣ гардидааст. Айни ҳол дар ҷумҳурї 3865 муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла 364 муассисаи тањсилоти ибтидоӣ, 522 муассисаи умумии асосӣ ва 2979 муассисаи миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 1837762 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати ба муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ табдил додани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ дар соли хониши 2016-2017 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 102 адад зиёд гардидааст.
Дар натиҷаи талошҳои пайвастаи Пешвои миллат имрӯз 30 нафар омӯзгорон аз Федератсияи Россия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таври пилотӣ таълим медиҳанд. Таҳлилҳои дар ин самт гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ барои таълими хонандагон бо забони русӣ мушкилиҳо низ ҷой доранд. Мушкилоти муассисаҳои таълимӣ дар нарасидани китобҳои дарсӣ, дастурамалҳои методии фаннӣ, дастрасӣ ба интернет, синфҳои лингофонӣ, тахтаҳои синфии электронӣ ва инчунин таҷҳизоту маводи зарурӣ барои лабораторияҳои фаннӣ ба назар мерасанд.
Таҳсилоти томактабии кӯдакон аввалин ва яке аз зинаҳои муҳим дар таълиму тарбияи кӯдакон ба шумор меравад ва он барои инкишофи ҳамаҷонибаи кўдакон нақши калон дорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ” аз 28 декабри соли 2013 № 1056 ва Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри 2014, №785 қабул шуда, Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 мавриди амал қарор дода шуд.
Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми ҶТ соли 2016 дар ҷумҳурӣ 603 муассисаи таълимии томактабӣ бо фарогирии 94724 нафар фаъолият намудааст, ки нисбат ба соли 2015 29 адад бо фарогирии 2700 кўдак зиёд мебошад. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ айни ҳол 1456 Маркази инкишофи кўдак бо фарогирии 35212 нафар фаъолият менамоянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қабули Қонун ва Стандарти давлатӣ, амалисозии Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 боиси беҳтар шудани заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ, таъминоти онҳо бо кадрҳои ихтисосманд ва сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои томактабӣ шуда бошад ҳам, ҳанўз мушкилот дар ин самт боқӣ мемонад. Аз ҷумла кам будани муассисаҳои томактабӣ ва асосан дар маркази шаҳру ноҳияҳо ҷойгиршавии онҳо боиси бе тайёрии пешакӣ ба мактаб рафтани теъдоди зиёди кўдакони деҳот мегардад.
Агарчанде ки моддаи 6 Қонун ва муқаррароти Барномаи мазкур имконият медиҳанд, ки муассисаҳои таълимии томактабӣ аз тарафи шахсони воқеӣ низ таъсис дода шаванд, айни ҳол дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 81 муассисаи томактабии хусусӣ бо фарогирии 10346 кӯдак фаъолият менамоянд, ки 18,5% нақшаи пешбинишудаи Барномаи мазкурро ташкил медиҳад.
Таҳлили муроҷиатҳои ба мақомоти ВҲИ ҶТ воридшуда нишон медиҳад, ки баъзе оилаҳо имконияти молиявии пардохти маблағи таҳсили фарзандонашонро дар муассисаҳои томактабӣ надоранд. Мушкилоти мазкур ба дигар гурӯҳҳои осебпазири кӯдакон низ тааллуқ дорад.
Аз ин лиҳоз, мувофиқи мақсад аст, ки барои кўдакони деҳот ва хусусан духтарон, фарзандони оилаҳои камбизоат ва дигар гурӯҳҳои осебпазири кӯдакон шароити мусоиди дастрасӣ ба таҳсилоти томактабӣ фароҳам оварда шавад.
Ҳамчунин, иҷрои саривақтии Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 ҷиҳати таъмин намудани ҳуқуқи дастрасии кӯдакон ба таҳсил такони тоза мебахшад.
Фаъолияти пайвастаи мақомоти ВҲИ ҶТ дар ин самт ба роҳ монда шудааст ва кормандони он ҷиҳати пешбурди ҳуқуқи дастрасии кӯдакон ба таҳсил ҳамчун самти афзалиятноки стратегӣ минбаъд низ кӯшиш менамоянд, ки аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд.
А. Содиқов
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак