ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

6
апрели
2023

Ташаккули тарзи ҳаёти солим (Ба муносибати Рўзи умумиҷаҳонии тандурустӣ)

       Дар ҳар як даҳсола бо туфайли тараққиёти пайвастаи соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла кашфиётҳои олимону мутахассисон дар ин соҳа дарозумрии инсоният боло меравад. Таърих гувоҳ аст, ки дар даҳсолаҳои гузашта одамон аз бемориҳое мефавтиданд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш меовард ва дар ҳалли ин мушкилӣ ба душвориҳо рў ба рў мешуданд. Барои бартараф кардани ин мушкилиҳо 7 апрели соли 1948 аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид муассисаи махсус яъне Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ таъсис дода шуд, ки ба он 194 давлат аъзо мебошанд. Вазифаи асосии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳалли мушкилиҳои байналмилалӣ дар соҳаи тандурустии аҳолӣ мебошад. Аз соли 1950 инҷониб ҳамасола рўзи 7 апрел дар саросари ҷаҳон ҳамчун «Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ» ҷашн гирифта мешавад.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аъзои комилҳуқуқи СММ иштирокчии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак мебошад. Ҳанўз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди солимии аҳолӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Мувофиқи моддаи 24 Конвенсияи мазкур давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқи кўдакро барои истифода намудани хизматҳои бештар такмилёфтаи низоми тандурустӣ ва воситаҳои табобати бемориҳо ва барқарорсозии саломатӣ эътироф менамоянд. Давлатҳои иштирокчӣ барои таъмини он саъю кўшиш мекунанд, ки ягон кўдак аз ҳуқуқи худ барои дастрасӣ ба ин гуна хизматрасониҳои низоми тандурустӣ маҳрум карда нашавад. Инчунин моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, ки ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигоҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳифзи саломатии кўдаконро ҳамчун яке аз шартҳои муҳим ва зарурии инкишофи ҷисмонӣ ва равонии кўдакон эътироф намуда, ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқӣ, рушди инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, тарѓибу ташвиқи тарзи ҳаёти солими кўдак, пешгирии бемориҳои кўдакона, таъмини онҳо бо ѓизои хушсифат ва ѓайра тадбирҳои заруриро меандешад.

Дар самти мазкур ҳуҷҷатҳои зиёди барномавӣ, аз ҷумла Стратегия оид ба ѓизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024, Стратегияи рушди устувори ѓизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027, Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ѓизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024 ва дигарҳо амалӣ шуда истодаанд.

        Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 қайд карданд, ки “Агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст.Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст.

     Ҷиҳати солим нигоҳ доштани шаҳрвандон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст, ки дар натиҷа солҳои охир сатҳи фавти модарону кўдакон паст гардидааст.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ соли 2022 238 288 нафар кўдакон таваллуд шудаанд, ки 118 667 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

         Тибқи замимаи №1 ба Фармоиши якҷояи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон №938-135 аз 05.11.2014 кўдакони то 1-сола, кўдакони маъюби то 18-сола, кўдакони ятим, ки дар хонаи кўдакон ва мактаб-интернатҳо қарор доранд ва кўдаконе, ки аз парастории волидайн маҳрум мондаанд, ба гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон ҳуқуқ доранд.

Пешгирии бемории кўдакон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи волидайн ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Кудакон бояд давра ба давра ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаронида шаванд ва ба воситаи эмкунии пешгирикунанда аз бемориҳо ҳифз карда шаванд.

Бинобар ин, дар натиҷаи давра ба давра аз муоинаи тиббии ҳатмӣ гузаронидани кўдакон теъдоди шахсони мубталои бемориҳои сироятӣ тавассути гузаронидани ваксинаҳо кам гардид.

Дар баробари дастовардҳо дар ин самт баъзе мушкилиҳо низ ба назар мерасанд. Аз ҷумла зиёдшавии гирифтории кўдакон ба бемории ВНМО, бемории диабети қанд, нуқсонҳои модарзодии дил ва камхунӣ ташвишовар аст. Мувофиқи маълумотномаи омории ВТҲИА ҶТ соли 2022 дар ҷумҳурӣ 1083 нафар кўдакони то 18- сола бо ВНМО, 1058 нафар бо диабети қанд, 4010 нафар кўдакон бо бемории нуқсонҳои модарзодии дил ва 32884 нафар бо камхунӣ ба қайд гирифта шуда, таҳти табобат ва назорат қарор доранд.

Мутахассисон сабабу омилҳои зиёдшавии чунин бемориҳоро дар камҳаракатӣ, истеъмоли нодурусти маводи ѓизоӣ, пурхурӣ ва фарбеҳӣ мебинанд. Инчунин пешгирии воридшавии ѓизои кўдаконаи ба талабот номутобиқ, доруҳои пастсифату муҳлаташон гузашта низ метавонад боиси кам шудани чунин бемориҳо гардад.

Дар солҳои охир барои таъмини ѓизои кӯдаконе, ки аз модарони сироятёфта таваллуд шудаанд, дар ҷумҳурӣ таъмини сарикасии чунин оилаҳо бо ѓизои кӯдаконаи сунъӣ ба миқдори зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ин раванд бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолии кишвар, аз ҷумла кӯдакон тавассути беҳтар намудани ғизо ва фаъолияти ҷисмонии онҳо дар ҷумҳурӣ Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015 №102 тасдиқ гардидааст, ки механизми татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши рушди ѓизои мактабӣ муайян менамояд. Дар баробари ин “Стратегияи рушди устувори ѓизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017 №456 тасдиқ карда шудааст.

Ѓизои дуруст ба инкишофи муътадили ҷисмонию фикрии кўдакону наврасон мусоидат мекунад. Ѓизои нокифоя кўдакро аз рушду инкишоф бозмедорад, муқобилияти узвҳоро ба беморӣ суст менамояд. Кўдакон ва наврасон бояд мувофиқи талаботи ба моддаҳои ѓизонок доштаи организм, инчунин аз руи таносуби дурусти байни моддаҳои ѓизо хўрок истеъмол намоянд.

Дар баробари кўдакон падару модарон уҳдадоранд риояи қоидаҳои беҳдошти санитарию гигиении фарзандонро назорат намоянд, то худ ва фарзандонро аз сироятшавӣ эмин доранд. Зеро тарзи зисту зиндагии инсон барои муҳофизат ва мустаҳкам намудани саломатӣ нақши асосӣ дорад. Ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муносибати масъулиятнок нисбат ба саломатии худ ба сатҳи маърифату маданияти ҳар як шахс вобаста аст.

                                          

Катахонова Л.- мутахассиси пешбари

                                                     Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои

                                                     кӯдаки мақомоти Ваколатдор оид ба

                                                        ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                      

   


Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal