ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

5
апрели
2023

Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ

7 апрели соли 1948 Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ таъсис дода шуда, аз соли 1950 инҷониб ин рӯз ҳамчун «Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ» ҷашн гирифта мешавад. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ муассисаи махсуси СММ буда, зиёда аз 194 давлатҳо ба он аъзо мебошанд. Вазифаи асосии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳалли мушкилоти байналмилалӣ дар соҳаи тандурустии аҳолӣ мебошад.

 

Ҳамасола дар арафаи ин ҷашн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои иттилоотӣ гузаронида мешаванд. Дар доираи чорабиниҳои мазкур, ки дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор мегарданд, ҷиҳати пешгирии бемориҳои аҳолӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар аз ҷониби мутахассисони баландихтисосӣ соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар чорабиниҳои ташхисӣ ба таври ройгон анҷом дода мешаванд. Шаҳрвандон тавассути муроҷиат ба муассисаҳои тандурустии макони зист дар сатҳи ҳар як шаҳру ноҳия метавонанд барои машварат ва ташхиси ройгони мутахассисони соҳибтаҷриба муроҷиат намоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс ба ҳифзи саломатӣ ва хизматрасонии тиббӣ ҳуқуқ дорад. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ аз моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим шудааст.

Инчунин, 30 майи соли 2017 № 1413 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди амал қарор дорад. Кодекси мазкур аз 29 боб ва 223 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи тандурустӣ бо мақсади татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ танзим менамояд. Кодекси мазкур инчунин ба низоми тадбирҳои дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тиббӣ, ки ба пешгирӣ ва табобати бемориҳо, нигоҳдории беҳдоштӣ ва санитарии ҷамъиятӣ ва таҳкими солимии ҷисмонию рӯҳии ҳар як инсон ва дарозумрӣ равона гардидааст, тақвият мебахшад.

Бояд қайд намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021 № 414 Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдиқ шуда, амалӣ шуда истодааст. Стратегияи мазкур раванди ислоіот дар соіаи тандурустиро муайян намуда, роііои рушди минбаъдаи соіаи іифзи солимии аіолиро пешбинҳ мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазъи солимии аҳолӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, хусусан барои солимии насли наврас диққати махсус медиҳад. Моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» муқаррар кардааст, ки кӯдак ба ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ дорад ва давлат бо мақсади таваллуди кӯдаки солим барои ҳифзи саломатии падару модар шароити мусоид муҳайё мекунад.

Давлат ҳифзи саломатии кӯдаконро бо тадбирҳои зерин таъмин менамояд:

- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи саломатии кӯдак;

- тарғибу ташвиқ ва ҳавасмандгардонӣ ба тарзи ҳаёти солими кӯдак;

- дастгирии давлатии таҳқиқоти илмии соҳаи ҳифзи саломатии кӯдак;

- назорати вазъи саломатии кӯдак ва пешгирии бемориҳои кӯдакона;

- расонидани ёрии  тиббӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоиди зист, ки барои инкишофи солимии кӯдак зарур аст;

- назорати истеҳсол ва фурӯши маводи ғизоии хушсифат барои кӯдакон.

Инчунин давлат ба кӯдакон ёрии тиббии ройгонро бо тартиби  муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода, ҳама гуна озмоишҳои тиббӣ ва илмиро нисбат ба кӯдак манъ намудааст.

Масъалаҳои мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқ ба ҳаёт ва саломатии кӯдакон пайваста аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак пайгирӣ карда мешаванд.

Дар соли 2022 барои муайян намудани вазъи таъмини ҳуқуқи кӯдакон ба саломатӣ ва дастрасӣ ба хадамоти тандурустӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Балҷувон ва Дӯстӣ санҷишҳо гузаронида шуданд.

Натиҷаи санҷишҳои мазкур нишон доданд, ки хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон хуб ба роҳ монда шуда, волидайни кӯдакон аз сатҳи хизматрасонии тиббӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Хизматрасонӣ дар Шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Балҷувон ва Дӯстӣ тибқи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008 таҳти №600 тасдиқ шудааст, ба роҳ монда шуда, кӯдакони то яксола, кӯдакони маъюб ва гирифтори бемориҳои муайяне, ки қарори мазкур муайян намудааст, ройгон табобат мегиранд.

Дар муассисаҳои мазкур ҳуҷраи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ташкил карда шуда, номгӯи муайяни доруҳо барои беморони то панҷсола аз рӯи тавсияи духтурон дар асоси дорухат ройгон дода мешавад. Инчунин, дар муассисаҳо ҳуҷраи хатнагузаронӣ ташкил карда шудааст, ки аз тарафи мутахассисон ройгон хизмат расонида мешавад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар баробари санҷиши вазъи таъмини ҳуқуқ ба ҳаёт ва саломатии кӯдакон бо масъулини соҳа ва падару модарон вохӯриҳои иттилоотӣ гузаронида, оид ба муқаррароти қонунгузорӣ, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, татбиқи барномаву стратегияҳои давлатӣ ва соҳавӣ, дастовардҳои ҷумҳурӣ, сиёсати давлатӣ дар ин самт маълумот пешниҳод намуда, ҷиҳати бартараф намудани норасоиҳои ҷойдошта тавсияҳо пешниҳод намуданд.

Ҳамин тариқ, ҷашнгирии Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ барои тарғибу ташвиқ ва ҳавасмандгардонӣ ба тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон аҳамияти хосса дорад, чунки танҳо насли солим метавонад ҷомеаи солим бисозад.

Низомов А.Б. -муовини сардори

Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки

Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи

инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal