Ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди солимии аҳолӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аъзои комилҳуқуқи СММ иштирокчии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак мебошад. Мувофиқи моддаи 24-и Конвенсияи мазкур, давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқи кӯдакро барои истифода намудани хизматҳои бештар такмилёфтаи низоми тандурустӣ ва воситаҳои табобати бемориҳо ва барқарорсозии саломатӣ эътироф менамоянд.
Давлатҳои иштирокчӣ барои таъмини он саъю кӯшиш мекунанд, ки ягон кӯдак аз ҳуқуқи худ барои дастрас намудани ин гуна хизматрасониҳои низоми тандурустӣ маҳрум нашавад. Инчунин, моддаи 38-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, ки ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тибби ройгон дар муассисаҳои нигоҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд.
Барои дар амал татбиқ шудани меъёри зикргардида дар ин раванд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, стратегия ва барномаҳои дахлдор қабул ва амалӣ шуда истодаанд. Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии солимии аҳолӣ барои солҳои 2010-2020, Барномаи миллии иммунопрофилактика барои солҳои 2016-2020, Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам барои солҳои 2017-2020 ва ғайраҳо, аз ҷумлаи чунин ҳуҷҷатҳо мебошанд.
Тибқи маълумоти оморӣ агар дар ҷумҳурӣ то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият менамуд, бо сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ин шумора ба 4369 адад баробар гардида, инчунин, сохтмони даҳҳо муассисаҳои тандурустӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Ҷиҳати солим нигоҳ доштани шаҳрвандон аз тарафи Ҳукумати кишвар тамоми шароит фароҳам оварда шудааст, ки дар натиҷа солҳои охир сатҳи фавти модарону кӯдакон паст гардидааст. Тибқи омори расмӣ, агар соли 1991 нишондиҳандаи фавти кӯдакони то яксола ба 40,9 баробар шуда бошад, ин рақам соли 2019 ба 14,9 нисбат ба 1000 зиндатаваллудро ташкил кардааст.
Кӯдакони то 1-сола, маъюбони то 18-сола ва ятимоне, ки дар хонаи кӯдакон ва мактаб-интернатҳо қарор доранд ва кӯдаконе, ки аз парастории волидон маҳрум мондаанд, ба гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон ҳуқуқ доранд. Пешгирии бемории кӯдакон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи волидон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Кӯдакон бояд давра ба давра ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаронда шаванд ва ба воситаи эмкунии пешгирикунанда аз бемориҳо ҳифз шаванд. Бинобар ин, дар натиҷаи давра ба давра аз муоинаи тиббии ҳатмӣ гузарондани кӯдакон теъдоди шахсони мубталои бемориҳои сироятӣ тавассути гузарондани ваксинаҳо кам гардид.
Дар доираи қонунҳои амалкунанда давлат ба шахсони бо ВНМО зиндагикунанда табобати зиддиретровирусии ройгонро кафолат додааст. Аз ин рӯ, ҳар як сироятёфтаи ВНМО имкон дорад, ки вобаста ба зарурат аз табобати ройгон бархӯрдор бошад. Инчунин, ба оилаҳое, ки дар онҳо кӯдакони то 16-солаи гирифтор ВНМО зиндагӣ мекунанд, кумакпулиҳои моҳонаи иҷтимоӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дода мешавад. Дар солҳои охир барои таъмини ғизои кӯдаконе, ки аз модарони сироятёфта таваллуд шудаанд, дар ҷумҳурӣ таъмини сарикасии чунин оилаҳо бо ғизои кӯдаконаи сунъӣ ба миқдори зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ин раванд бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолии кишвар, аз ҷумла кӯдакон, тавассути беҳтар намудани ғизо ва фаъолияти ҷисмонии онҳо дар ҷумҳурӣ Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки бо Қарори Ҳукумати кишвар аз 28 феврали соли 2015, таҳти № 102 тасдиқ гардидааст, ки механизми татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши рушди ғизои мактабӣ муайян менамояд.
Тибқи тавсияи мутахассисон риояи қоидаҳои беҳдошти санитарию гигиенӣ омили пешгирикунандаи паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ мебошад. Ба кӯдакон лозим аст барои худ ва дигаронро аз сироят ҳифз намудан қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд. Дар баробари кӯдакон падару модарон уҳдадоранд риояи қоидаҳои беҳдошти санитарию гигиении фарзандонро назорат намоянд, то худ ва фарзандонро аз сироятшавӣ эмин доранд. Зеро тарзи зисту зиндагии инсон барои муҳофизат ва мустаҳкам намудани саломатӣ нақши асосӣ дорад. Ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муносибати масъулиятнок нисбат ба саломатии худ ба сатҳи маърифату маданияти ҳар як шахс вобаста аст. Бинобар ин, солим будан бояд талаботи ботинии ҳар як инсон бошад.
А. МАШРАБЗОДА,
мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид
ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзномаи "Ҷумҳурият" Санаи нашр: 8.12.2020 №: 235 - бознашр