Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак яке аз аввалин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонидааст. Мувофиқи талаботҳои Конвенсия давлатҳои аъзо эътироф мекунанд, ки кӯдаки имконияташ маҳдуд бояд зиндагии комил ва шоистаро дар шароите дошта бошад, ки он шаъну эътибори ӯро таъмин намуда, бовариашро нисбат ба худ зиёд кунад ва иштироки фаъоли ӯро дар ҳаёти ҷамъиятӣ осон гардонад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки “Давлат барои ҳифзи кўдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.” Вобаста ба ин дар ҷумҳурӣ ба ҳифзи кӯдакони имконияташон маҳдуд ва таълиму тарбияи онҳо ғамхории махсус зоҳир карда шуда, ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои онҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла Қонунҳои ҶТ “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ҶТ барои солҳои 2011-2015 ва «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» далели ин гуфтаҳоянд. Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро ба тасвиб расонад.
Бояд қайд кард, ки зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар манфиатҳои кӯдакони имконияташон маҳдуд ба назар гирифта мешаванд. Инчунин дар як қатор санадҳои зерқонунӣ аз ҷумла: Қарорҳои Ҳукумати ҶТ аз 2 декабри соли 2008, №600 ва 13 декабри соли 2012, №724, ки тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони ҶТ дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ ва тартиб ва ҳаҷми пешниҳод намудани хизматрасониҳои ройгони иҷтимоиро муайян мекунанд, хизматрасониҳои маишӣ, тиббӣ, равонӣ, педагогӣ, ҳуқуқӣ, тайёрии касбӣ, таъминоти моддю иҷтимоӣ, таъминот бо доруворӣ ва воситаҳои тавонбахшӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таври ройгон кафолат дода шудааст.
Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардида, мусоидат ба эҳтиром, риоя, ҳифз ва таъмини ҳуқуқи инсон ва аз ҷумла кӯдакон яке аз вазифаҳои асосии ин мақомот мебошад.
Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак таъсис дода шуд.
Тибқи қонунгузорӣ вазифаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак аз инҳо иборат мебошад: мусоидат намудан ба риояи ҳуқуқу озодиҳои кўдак, барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи онҳо, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои кўдак, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон аз ҷумла худи кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои онҳо, ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак ва рушду ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт.
Ҷиҳати мушаххас намудани дурнамои фаъолият лоиҳаи Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 таҳия гардида, моҳи июли соли ҷорӣ дар Мизи мудаввар бо иштироки васеи намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма муаррифӣ гардид.
ВҲК дар Стратегияи худ ҳуқуқи кӯдакони имконияташон маҳдудро ба таҳсилоти босифат самти афзалиятноки фаъолият қарор дода, мусоидат ба пешниҳоди ҳамаҷонибаи хизматрасониҳо ва ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ҷиҳати ба кӯдакони имконияташон маҳдуд тақдим намудани таҳсилоти босифатро ҳадафи асосии худ арзёбӣ кардааст.
Мусоидат ба риоя, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд аз ҷумла кӯдакони имконияташон маҳдуд аз аввали фаъолияти мақомоти ВҲИ самти афзалиятнок ба ҳисоб рафта, ВҲК низ тасмим гирифтааст, ки дар се соли минбаъдаи фаъолияти худ ба ин самт диққати бештар диҳад.
Дар ин раванд таҳлили қонунгузорӣ бо мақсади ба он пешниҳод намудани тағйиру иловаҳо вобаста ба таҳсилоти фарогир, таҳлили механизмҳои мавҷудаи амалишавии ҳуқуқи кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсил, ба роҳ мондани низоми санҷиши доимии дастрасии кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсил ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобаста ба ҳуқуқи кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсил мақсади асосии ВҲК мебошад.
Бо мақсади муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқҳои кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ҷониби кормандони Дастгоҳи ВҲИ дар муассисаҳое, ки бо ин кӯдакон сару кор доранд, пайваста санҷишу мониторингҳо гузаронида мешаванд.
Натиҷаи санҷишу мониторингҳо нишон медиҳад, ки дар баробари дастовардҳо дар фаъолияти муассисаҳои мазкур баъзе камбудиву мушкилиҳо низ ба назар мерасанд. Аз ҷумла норасоии мутахассисони соҳавӣ оид ба барқарор намудани саломатии кўдакони маъюб, аз ҷониби волидон ба муассисаҳои будубоши доимӣ равон кардани ин кўдакон, сатҳи пасти раванди муайяннамоии барвақтии маъюбӣ, дастрасии маҳдуд ба воситаҳои ёрирасони техникӣ, пастзанӣ бо ҷурми айби ҷисмонӣ (стигма) ва мафкураи нодуруст ва набудани иттилооти кофӣ оид ба манфиат ва имконияти тавонбахшӣ.
Мушкилии дигари кӯдакони маъюб ин дастрасии бемамониат ба иншооти иҷтимоии инфрасохторӣ (истиқоматӣ, ҷамъиятӣ, биноҳои истеҳсолӣ, иншооти варзишӣ, мавзеъҳои истироҳатӣ, муассисаҳои маданию маърифатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооту муассисаҳо) мебошад, ки дар баъзе ҳолатҳо риоя карда намешавад. Танг будани даромадгоҳи биноҳо, набудани пандусҳо ва дастқапакҳо дар зинапояҳо, набудан ё корношоям будани лифтҳо, инчунин мувофиқат накардани андозаи онҳо ба аробачаҳои маъюбӣ аз ҷумлаи чунин мушкилиҳо мебошанд.
Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар намудани вазъи кӯдакон ба роҳбарони ин муассисаҳо ва мақомоту идораҳои дахлдор тавсияҳои лозима пешниҳод карда шуда, бо шаҳрвандон ва хусусан волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.
Мақомоти ВҲИ ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои кӯдакони имконияташон маҳдуд таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳамасола дар маърӯзаҳои худ дар ин самт тавсияҳои дахлдор пешниҳод менамояд. Аз ҷумла дар Маърӯзаи ВҲИ ҶТ барои соли 2016 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқҳои кӯдакони имконияташон маҳдуд тавсияҳои зерин пешниҳод шудаанд:
- тақвият додани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва волидон дар амалӣ гардонидани барномаҳои муайяннамоии барвақтии маъюбӣ;
- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии волидон оид ба ҳуқуқҳои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд ва афзалияти нигоҳубини онҳо дар оила;
- омода намудани мутахассисони соҳавӣ дар самти тавонбахшии кӯдакони имконияташон маҳдуд;
- пайваста гузаронидани мониторингҳои муассисаҳои будубоши доимӣ ва рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва муассисаҳои таълимӣ вобаста ба дастрасии онҳо ба таҳсил;
- дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти Марказҳои будубоши рӯзона ва муваққатӣ;
- гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ бобати аз байн бурдани тамғазанӣ (стигма) ва табъиз нисбати кӯдакони имконияташон маҳдуд.
Ҳамин тариқ ВҲК тасмим гирифтааст, ки бо амалисозии Стратегияи фаъоляти худ дар таҳкими ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар ҷумҳурӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналлмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи кӯдак ва хусусан кӯдакони имконияташон маҳдуд саҳмгузор бошад. Зеро ин кӯдакон бояд ҳаёти пурарзиш ва шароите дошта бошанд, ки шарафи инсонии онҳоро таъмин намояд, барои ба худ бовар доштанашон мусоидат намояд ва иштироки онҳоро дар ҳаёти ҷомеа осон гардонад.
Мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сайёд Раҳимов