Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, дар қонунгузории миллӣ ҳамаҷониба танзим шудааст ва дар ин самт Ҳукумати ҶТ пайваста иқдомҳои нав ба навро роҳандозӣ мекунад. Маҳз бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак фаъолият менамояд, ки вазифаи асосии он ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдакон мебошад.
Бо ҳамин мақсад тибқи Барномаи амали мақомоти ВҲИ ҶТ барои соли 2017 ва бо супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ рӯзи 28 апрели соли 2017 аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак санҷиши фаъолияти Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор гузаронида шуд.
Мактаб-интернат соли 1957 дар деҳаи Қипчоқи ноҳияи Ҳисор таъсис дода шуда, соли 1983 ба бинои дуошёнаи барои кӯдакони маъюб мувофиқ дар деҳаи Хирманак кӯчонида шудааст ва барои таълиму тарбияи 406 нафар кӯдакони гирифтори бемории полиомиелит, фалач, синдроми Даун махсус гардонида шудааст. Аз суҳбат бо роҳбарияти Мактаб-интернат бармеояд, ки дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамагӣ 2 адад чунин мактаб-интернатҳо (дуюмаш дар Санкт-Петербург) таъсис дода шудаанд.
Ба ҳолати имрӯза дар муассисаи мазкур 406 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 312 нафар писар ва 94 нафар духтарон мебошанд. Аз шумораи умумии тарбиягирандагон 202 нафар (162-писар ва 40-духтар) гирифтори бемории полиомиелит мебошанд. Хонандагон дар 28 синф, аз ҷумла 15 синф бо барномаи таҳсилоти асосӣ (зинаи дуюми таҳсилоти умумӣ) ва 13 синф бо барномаи таҳсилоти ибтидоии ёрирасон (зинаи якуми таҳсилоти умумӣ) таълим мегиранд. Бо барномаи таҳсилоти асосӣ кӯдаконе фаро гирифта шудаанд, ки бемори полиомиелитанд, вале ақлан солиманд. Бо барномаи таҳсилоти ибтидоии ёрирасон кӯдаконе фаро гирифта шудаанд, ки дар баробари нуқсонҳои ҷисмонӣ дар онҳо зинаҳои гуногуни қафомонии руҳиву ақлонӣ мушоҳида мешаванд. Ба кӯдакон 33 нафар (14 – мард ва 19 - зан) омӯзгорон, 23 нафар (10-мард ва 13-зан) мураббиён ва 1 нафар равоншинос таълиму тарбия медиҳанд. Инчунин дар мактаб-интернат 61 нафар кормандони техникӣ ва ёрирасон фаъолият мекунанд. Хонандагон дар як баст бо забони тоҷикӣ таълим мегиранд. Таъминоти моддиву молиявии Мактаб-интернат марказонида буда, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ таъмин карда мешавад.
Бо мақсади муайян намудани фикру мулоҳизаҳо интихобан дар байни 15 нафар тарбиятгирандагон ва 15 нафар омӯзгорону мураббиёни муассиса тавассути саволномаҳо пурсиш гузаронида шуд. Таҳлили саволномаҳо нишон медиҳад, ки пурсидашудагон асосан аз будубош ва раванди таълиму тарбия дар ин муассиса қаонатманданд.
Кӯдакон худро дар дохили муассиса хуб ҳис мекунанд, зеро ки дар мактаб шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва онҳо тасмим гирифтаанд, ки баъди хатми Мактаб-интернат таҳсилоти худро идома диҳанд. Чанде аз онҳо орзу доранд, ки барномасоз, таърихчӣ ва рӯзноманигор шаванд.
Таҳлили саволномаҳо барои омӯзгорон нишон медиҳад, ки дар муассисаи таълимӣ корҳои беруназсинфӣ хуб ба роҳ монда шуда, маҳфилҳои фаннӣ ва инчунин маҳфилҳои дӯзандагӣ, пойафзолдӯзӣ ва рақсу сурудхонӣ амал мекунанд.
Омӯзгорон иброз намудаанд, ки дар муассисаи таълимӣ ҷиҳати пешгирии муноқишаҳои гурӯҳӣ дар байни хонандагон корҳои фаҳмондадиҳиву тарбиявӣ гузаронида шуда, ҳамкориҳо дар ин самт бо падару модарон ба роҳ монда шудааст. Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаи таълимӣ пешниҳод шудааст, ки аз технологияҳои нави замонавӣ бештар истифода бурда шавад. Қобили қайд аст, ки бо иқдоми Вазорати маориф ва илми ҶТ дар 2 синфхона тахтаи синфии электронӣ насб шудааст.
Санҷиши шароити таълиму тарбия нишон медиҳад, ки Мактаб-интернат ба таъмири капиталӣ ниёз дорад. Вазорати маориф ва илм бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар ошёнаи якуми муассиса таъмири капиталиро анҷом додааст, вале ошёнаи дуюм фарсуда буда, фаршу деворҳо ва сақфи он солҳост, ки ба таъмир ниёз доранд. Шабакаҳои интиқоли барқ низ куҳна буда, шифти муассиса пурра ба азнавсозӣ эҳтиёҷ дорад. Мебел ва таҷҳизоти дохилисинфӣ аз даврони шӯравӣ боқӣ мондааст ва кӯдакон то ҳол аз мизу курсиҳое истифода мебаранд, ки истеҳсоли давраи шӯравӣ мебошад.
Роҳбарияти муассиса пайваста мекӯшад, ки ҷиҳати беҳдошти шароити таълиму тарбияи кӯдакон дар доираи салоҳияти худ аз ҳамаи имкониятҳо, аз ҷумла аз мусоидати эҳсонкорон ва ташкилоту идораҳои давлатӣ истифода барад. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ сарпарасти Мактаб-интернати мазкур мебошад. Бо мусоидати Хадамоти гумрук ҳавзи муолиҷавии муассиса пурра аз таъмир бароварда шуда, ба эҳтиёҷоти кӯдакони маъюб мутобиқ карда шудааст. Инчунин, ҳаммом ва толори варзишӣ низ аз таъмир бароварда шудаанд. Тибқи Ҷадвали тасдиқшуда кӯдакон бонавбат дар як ҳафта як маротиба ҳаммом мекунанд. Бо мусоидати ташкилоти байналмилалии Салиби Сурх 460 метр хатти нави обгузаронӣ ба ошхона, ҷойи дастурӯйшӯии кӯдакон ва ҳоҷатхонаҳо гузаронида шудааст.
Дар мактаб-интернат муҳити бемонеа барои будубоши кӯдакони маъюб муҳайё карда шудааст. Барои равуо ба ошёнаи дуюм роҳрави махсус сохта шудааст, ки ба талабот ҷавобгӯ буда, тавассути он кӯдакон бо асобағал ва ё дар аробачаҳои маъюбӣ озодона ҳаракат мекунанд.
Дар мактаб-интернат робитаҳои оилавӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Падару модарон ва хешу таборон метавонанд ҳар вақте, ки хоҳанд кӯдакони худро аёдат кунанд ва онҳое, ки имконият доранд, метавонанд рӯзҳои шанбеву якшанбе кӯдаконро бо худ баранд. Робитаҳои муассиса бо хатмкунандагон низ ба роҳ монда шудааст, зеро хатмкунандагон омӯзгорону мураббиёни худро фаромӯш намекунанд ва солҳои зиёд ба хабаргирӣ меоянд.
Дар қисми табобатии муассиса сардухтур, 2 ҳамшира ва 2 бародари шафқат фаъолият мекунанд. Аз суҳбат бо кормандони тиббӣ бармеояд, ки ҳамасола бо мақсади тақвият додани тавонбахшӣ (реабилитатсия) кӯдакони ниёзманд ба муассисаҳои махсусгардонидашудаи шаҳрҳои Ваҳдат ва Хуҷанд равона карда мешаванд.
Тибқи суханҳои директори муассиса ҳамарӯза пеш аз хоб вазъи саломатии кӯдакон аз ҷониби кормандони тиббӣ санҷида мешавад. Мутаассифона, дар муассиса барои интиқоли фаврии кӯдакони бемор ба беморхонаи ноҳиявӣ нақлиёти махсусгардонидашуда вуҷуд надорад, агарчанде ки тибқи бастҳои корӣ бо ҳамин мақсадҳо як нафар ронанда пешбинӣ шудааст.
Ошхонаи мактабӣ дар тавозуни муассиса қарор дорад ва ҳолати ошхона ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ буда, кӯдакон ҳар рӯз се маротиба бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Сифати хӯрока ва ғизонокии он аз ҷониби кормандони тиббии муассиса назорат карда мешавад. Масъулини ошхона изҳор намуданд, ки норасоии мизу курсиҳо барои хӯрокхӯрӣ, косаву табақ ва маводи шустушӯ ҷой дорад.
Қобили қайд аст, ки дар назди мактаб-интернат гармхона барои парвариши кабудиҳо ва инчунин хоҷагии ёрирасон бо 11 сар чорвои калони ширдеҳ фаъолият мекунанд ва кӯдакон ҳамарӯза бо ширу ҷурғоти тоза таъмин карда мешаванд ва мувофиқи мақсад аст, ки ҷиҳати таҳким бахшидани худтаъминкунии муассиса масъулини соҳа ва эҳсонкорони ҷудогона мусоидат намоянд.
Зимни суҳбат бо директори муассиса ва муовинони ӯ оид ба сиёсати давлат дар самти пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак ва аз ҷумла кӯдакони маъюб, фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон ба роҳбарияти мактаб-интернат натиҷаҳои пешакии санҷиш баён ва ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои мавҷуда тавсияҳои дахлдор пешниҳод шуданд.
Ғамхорӣ нисбати кӯдакон ва хусусан нисбати кӯдакони маъюбу бепарастор яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар ин раванд ташкилоту идораҳо ва хайрхоҳону эҳсонкорони ҷудогона метавонанд дар ин ҷода саҳмгузор бошанд.
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак А. Содиқов