ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
20
октябри
2016

Оила. Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ...

Ҷумҳурият № 208 аз 19.10.16

Оила муҳитест, ки кӯдак дар он дӯст доштан, бад дидан, хурсандӣ карданро меомӯзад. Тариқи муоширати доимӣ бо волидон дунёро мешиносад, ба калонсолон тақлид мекунад, аз онҳо таҷриба мегирад ва қоидаҳои рафторро аз худ менамояд. Коршиносон дар робита ба ин таъкид медоранд, ки оила барои кӯдак институти ягонаи рушди шахсияти ӯст.

Дар пешгуфтори Эъломия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки бо қатъномаи № 1386 аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, 20 ноябри соли 1959, эълом шуда буд, омадааст, ки кӯдак то таваллуд ва баъди таваллуд ба ҳифзи ҳуқуқӣ эҳтиёҷ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳифз ва таъмини ҳуқуқҳои кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, он ба тариқи муқаррар намудани ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар қонунгузории миллӣ, дастгирии давлатии оила, риояи меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ барои кӯдак, роҳ надодан ба табъизи кӯдакон амалӣ карда мешавад.

Дар ибтидои асри ХХ ҳуқуқи кӯдак гуфта мушкилиҳо дар самти истифодаи меҳнати кӯдакон, хариду фурӯш ва савдои онҳо, ҷалби кӯдакон ба танфурӯшӣ фаҳмида мешуд. Ин мушкилот Лигаи миллатҳоро водор сохта буд, ки Эъломияи Женеваро оид ба ҳуқуқҳои кӯдак (соли 1924) қабул кунад. Баъдан, соли 1959 Эъломия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ қабул гардид. Аммо охири солҳои 70-уми асри гузашта сатҳи рушди ҷомеа ва мушкилиҳои кӯдакон нишон доданд, ки қабули санадҳои дорои принсипҳои тавсиявӣ барои барҳамзании поймолшавии ҳуқуқҳои кӯдакон кофӣ нест. Бинобар ин, 20 ноябри соли 1989 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак қабул шуд. Санади мазкур ҳуқуқҳои кӯдакро дар тамоми самтҳои ҳаёти инсон ба назар гирифта, манфиатҳои онро волотар аз дигар манфиатҳои инсонӣ гузошт.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва тасвиби Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак дар қонунгузории кишвар тағйироти куллӣ ба амал омад. Ба қонунҳои амалкунанда, ки ба таъмини ҳуқуқҳои кӯдак алоқаманд буданд, тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Ҳамзамон, баҳри мутобиқат кардани қонунгузории амалкунанда ба принсипҳои Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак як қатор қонунҳои нав қабул гардида, баҳри татбиқи онҳо қарорҳои Ҳукумат, барномаҳо ва консепсияҳо қабул шуда истодаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи махсуси модару кӯдак ва ғамхориро нисбат ба кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо аз ҷониби давлат кафолат додааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ таъмини ҳуқуқҳои кӯдак, ки бевосита бо оила, таълиму тарбия ва таъминоти ӯ алоқаманд аст, дар кодексҳои оила, гражданӣ, меҳнат, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав қабул гардида, дар он эҳтироми шаъну эътибори кӯдак алоҳида дарҷ шудааст. Қонуни

Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» бо назардошти принсипҳои Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак таҳия ва қабул гардид. Бавижа, бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расид, ки солҳои охир самараи хуб дода истодааст.

Ҳоло дар кишвар барои таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон, таълиму тарбияи дурусти онҳо, баланд бардоштани масъулияти падару модар ва дигар нафароне, ки барои рушди ҷомеа масъуланд, қонунҳои дахлдор қабул гардидаанд ва механизми дурусти татбиқи онҳоро ба роҳ мондан талаби замон аст.

Гулҷаҳон Умарова,

Сардори шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои занон ва кӯдакони
дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal