ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
20
ноябри
2018

МАНФИАТҲОИ БЕҲТАРИНИ КӮДАК ДАР МАДДИ АВВАЛ

Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз солҳои 20-уми асри гузашта дарёфти роҳу воситаҳои таъмин ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаконро ба миён гузошт. Вазъи ҳуқуқи кӯдакон (меҳнати кӯдакон, савдо ва фоҳишагии кӯдакон) ҷомеаро ба ин водор мекард.

Дар натиҷа якчанд санадҳои хусусияти эъломиявидошта қабул гардиданд: Эъломияи женевагии ҳуқуқҳои кӯдак (с. 1924), Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон (с. 1948) ва Эъломияи ҳуқуқҳои кӯдак (с. 1959), ки ба ҳимоя ва ғамхории махсус ҳуқуқ доштани кӯдаконро пешбинӣ мекарданд.

Дар соли 1989 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабул гардидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ба саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба эътирофи талаботҳои махсус ва осебпазирии кӯдакон нуқта гузошта, масъулияти давлатҳои ба он ҳамроҳшударо оид ба таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон муқаррар намуд.

Конвенсия бори аввал кӯдакро ҳамчун шахсияти пурарзиш, комилҳуқуқ ва субъекти мустақили ҳуқуқ эътироф намуда, ҳамзамон афзалияти манфиатҳои кӯдаконро пешбинӣ кард.

Таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак дар баробари принсипҳои манъи табъиз, ҳуқуқи кӯдак ба ҳаёт, зинда мондан ва рушд ва ҳуқуқи кӯдак ба шунида шудан принсипҳои бунёдии Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва стандарти ҷомеаи нисбати кӯдак дӯстонаро ташкил медиҳанд. Принсипи мазкур давлатҳои иштирокчиро уҳдадор намудааст, ки барои амалӣ гардонидани ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон шароитҳои беҳтаринро ташкил намоянд. Дар робита бо ин тамоми мақомотҳо – қонунгузор, иҷроия ва судӣ, муассисаҳои хусусӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ зимни қабули қарор ва амалӣ гардонидани фаъолияти худ манфиатҳои кӯдаконро бояд ба назар гиранд.

Таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак ғояи асосии Конвенсияро ташкил медиҳад. Тибқи муқаррароти Конвенсия кӯдак ҳуқуқ дорад, ки бо падару модари худ зиндагӣ кунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин ба манфиати беҳтарини кӯдак мухолифат мекунад (қ. 1 м.9), падару модар барои тарбияи кӯдак масъуланд ва манфиатҳои беҳтарини кӯдак мавриди таваҷҷуҳи асосии онҳо қарор меёбанд (қ.1 м.18), кӯдаке, ки муваққатан ё доимӣ аз ғамхории оилааш маҳрум аст ё ба хотири манфиатҳои беҳтарини худ дар ин муҳит буда наметавонад, ба ҳимоя ва ғамхории махсус ҳуқуқ дорад (қ.1 м.20), ҳангоми ҳалли масъалаҳои фарзандхондӣ пеш аз ҳама бояд беҳтарин манфиатҳои кӯдак ба назар гирифта шаванд (қ.1 м.21).

Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро соли 1993 ба тасвиб расонда, ҷиҳати амалишавии он тамоми тадбирҳои зарурии қонунгузорӣ, маъмурӣ ва дигар чораҳоро меандешад.

Қонунгузории ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳуқуқи кӯдак бо дарназардошти принсипи таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак таҳия гардида, пайваста такмил дода мешавад.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” манфиатҳои беҳтарини кӯдак тавассути муқаррар намудани меъёрҳои давлатии ҳадди ақали хизматрасонии иҷтимоӣ дар соҳаи маориф, хизматрасонии ройгони тиббӣ ба кӯдак, ҳифзи меҳнат, хизматрасонии иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқи кӯдак ба манзил, ташкили тадбирҳои солимгардонӣ ва истироҳат, ба назар гирифтани манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор, расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ва равонӣ ба кӯдак таъмин карда мешавад.

Моддаҳои 21 ва 22 қонуни мазкур амалигардонии ҳуқуқи кӯдакро ба зиндагӣ ва тарбия дар оила, ҳуқуқи кӯдакро дар муносибат бо падар ва модаре, ки ҷудо зиндагӣ мекунад, бо дарназардошти манфиатҳои кӯдак имконпазир мегардонад.

Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ меъёрҳоеро дар бар мегирад, ки зарурати ба назар гирифтани манфиатҳои кӯдакро ҳангоми амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои ӯ дар оила пешбинӣ намудаанд. Ҳамин тавр, ҳар кӯдак ҳуқуқ дорад, ки дар оила зиндагӣ кунад ва тарбия гирад, кӯдак ба ғамхории падару модар, таъмини манфиатҳояш, рушду такомули ҳамаҷониба, эҳтироми шаъни инсонӣ (м.55), ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ (м.57) ҳуқуқ дорад. Мутобиқи моддаи 571 Кодекси оилаи ҶТ кўдак ҳуқуқ дорад дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳои оилавӣ, ки ба манфиатҳои ў дахл доранд, фикри худро озодона изҳор намояд, ҳамчунин дар рафти мурофиаҳои судӣ ва маъмурӣ иштирок кунад.

Қонунгузории оилавӣ инчунин ба назар гирифтани манфиатҳои кӯдаконро ҳангоми татбиқ намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои волидон пешбинӣ намудааст. Масалан, моддаи 65 Кодекси оила талаб менамояд, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои волидайн набояд бар хилофи манфиатҳои фарзандон татбиқ шавад, яъне таъмини манфиатҳои фарзандон бояд мавзӯи асосии ғамхории онҳо бошад. Қоидаи мазкур инчунин ба ҳолатҳои татбиқи ҳуқуқу уҳдадориҳои волидайн ҳангоми аз фарзанд ҷудо зиндагӣ кардани падару модар, муоширати кӯдакон бо бобою бибӣ, бародарону хоҳарон ва дигар хешовандон, барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ, гирифтани кӯдак бе маҳрум кардани волидайн аз ҳуқуқи падару модарӣ паҳн мешавад.

Баъзе моддаҳои Кодекси оила меъёрҳоеро дар бар мегиранд, ки имконияти амалигардонии ҳуқуқҳои кӯдакро дар сурати ба манфиатҳои ӯ мухолифат кардани онҳо, маҳдуд менамоянд. Чунин маҳдудият дар мавриди ҳуқуқи кӯдак ба изҳор намудани фикри худ муқаррар шудааст: “дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур мақомоти васоят ва парасторӣ ё суд метавонанд танҳо бо ризоияти кўдаки аз синни даҳсола боло қарор қабул намоянд” (қ.1 м.571).

Ҳангоми ҳалли масъалаҳои вобаста ба фарзандхонӣ, маҳдуд ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи падарию модарӣ манфиатҳои кӯдакон ба назар гирифта мешаванд. Аз ҷумла, фарзандхонӣ мутобиқи моддаи 125 Кодекси оила танҳо ба манфиати кӯдакон иҷозат дода мешавад. Фарзандхонии бародарону хоҳарон аз ҷониби шахсони гуногун, ба истиснои ҳолатҳое, ки фарзандхонӣ ба манфиати кӯдак мебошад, иҷозат дода намешавад (қ.3 м.125) Моддаи 132 Кодекси оила барои фарзандхонии кӯдаки ба синни 10 солагӣ расида гирифтани фикри ӯро зарур мешуморад. Суд метавонад бо дарназардошти манфиатҳои кӯдак фарзандхониро бо асосҳои бо қонун пешбининашуда бекор кунад (қ.2 м.141).

Мутобиқи моддаи 8 Кодекси оилаи ҶТ ҳуқуқҳои оилавӣ аз тарафи суд, мақомоти васояту парасторӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳимоя карда мешаванд. Ҳангоми вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак ӯ ҳуқуқ дорад ба мақомоти васояту парасторӣ ва пас аз расидан ба синни чордаҳсолагӣ ба суд муроҷиат намояд.

Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №30 тасдиқ шудааст, пешбинӣ менамояд, ки мақомоти васояту парасторӣ зимни амалӣ гардонидани фаъолият оид ба таъмин ва ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони ятим ва кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, пеш аз ҳама принсипи афзалияти манфиатҳои кӯдакро ба роҳбарӣ мегиранд.

Ҳангоми баррасии баҳсҳои гуногуни оилавӣ дар суд, аз ҷумла баҳсҳои байни падару модари кӯдак вобаста ба амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои волидайн, ки болотар қайд гардид, манфиатҳои кӯдак ва дар як қатор ҳолатҳо фикри ӯ ба назар гирифта мешавад.

Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар қонунгузории оилавӣ ба принсипи манфиатҳои беҳтарини кӯдак диққати аввалиндараҷа дода шудааст, зеро он дар таъмини воқеии инкишофи муътадили маънавию чисмонии кӯдак нақши муҳим дорад.

Ҳабибулозода Раҷабмо,
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal