ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

15
феврали
2018

Ҳуқуқи кӯдак ба доштани насаб, ном ва номи падар

“...Вақти он расидааст, ки дар навиштани ному насаб аз имкониятҳои забони тоҷикӣ ва низоми таърихан ташаккулёфтаи миллӣ истифода барем. Татбиқи оқилона ва санҷидаи ин сиёсат ба эҳё ва тақвияти асолати миллӣ мусоидати матлуб хоҳад намуд.” – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Миллати тоҷик таърихи куҳан ва фарҳанги ғанӣ дошта, аз қадим номро яке аз арзишҳои мардумӣ, нажодӣ ва фарҳангии худ мешумориданд ва тарзи ба худ хоси ному насабгузорӣ доштанд. Дар даврони Шуравӣ дар насабсозии халқи тоҷик тағйиротҳое ба вуҷуд омаданд, ки аслан хоси мардуми мо набуд.

Пас аз ба даст овардани истқлолият дар баробари эҳёи дигар рукнҳои фарҳангу анъанаҳои миллӣ ба масъалаи номгузорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Ба қонунгузории соҳа тағйиротҳо ворид гардида, номгузорӣ ба имлои забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ мутобиқ кунонида шуданд.

Мутобиқи талаботи Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки Тоҷикистон аъзои он мебошад, кӯдак фавран пас аз таваллуд ба қайд гирифта мешавад ва аз лаҳзаи таваллуд ба ном ва гирифтани шаҳрвандӣ ҳуқуқ дорад.

Ҳуқуқи кӯдак ба доштани насаб, ном ва номи падар дар Кодекси оилаи ҶТ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” муқаррар шудааст. Тартиби номгузорӣ ва сабти насаб, ном ва номи падари кӯдак дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ба танзим дароварда шудааст. Қонуни мазкур муқаррар намудааст, ки ҳар шахс дар мавриди бақайдгирии давлатии таваллуд ба насаб, ном ва номи падар мувофиқ ба арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ ҳуқуқ дорад.

Боиси қайд аст, ки насаб (фамилия) – маънои номи хонаводагиро дошта, мансубияти шахсро ба ин ё он авлод муайян мекунад. Бинобар ин насаби кӯдак дар вақти бақайдгирии давлатии таваллуд бо насаби падар ва ё насаби модар сабт карда мешавад. Инчунин аз номи падар ташаккул додани насаб низ мумкин аст. Насаб аз номи падар ё решаи насаби ӯ бо иловаи пасвандҳои насабсози -ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар ташаккул меёбад (мисол: Каримӣ Хуршед Анварзод). Насаби шахс ҳамчунин метавонад аз номи падар ё решаи насаби падар ё модар бе илова намудани пасвандҳои насабсоз ташаккул ёбад (мисол: Карим Хуршед Анвар). Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки истифодаи пасвандҳои насабсоз барои фарқ намудани насаб аз ном ё номи падар аҳамияти муҳим дошта, инчуин тавассути он мансубияти миллии шахс муайян мегардад.

Дар интихоби пасвандҳои насабсоз ва мутобиқати он бо решаи насаб диққати ҷиддӣ бояд дода шавад, то ин ки насаб зебо ва дар талаффуз равон бошад. Барои мисол агар решаи насаб бо ҳарфи “о” тамом шавад (Мирзо) пасванди насабсози “-ӣ” мувофиқ намеояд (Мирзоӣ). Дар чунин ҳолат пасвандҳои насабсози -зода, -ёр, ё -фар қобили қабул ва дар талаффуз равон мебошад (Мирзофар).

Номи кӯдак бо мувофиқаи падару модар тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №325 аз 27 июли соли 2016 тасдиқ карда шудааст, сабт карда мешавад. Дар феҳристи мазкур, ки аз тарафи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст ҳудуди сеюним ҳазор номҳои духтарона ва писарона пешбинӣ шудаанд. Дар санади зикргардида тарзи дар ҳуҷҷатҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дуруст навиштани номҳои миллӣ муайян шудааст.

Мақсад аз таҳияи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ эҳёи номгузории суннатии тоҷикӣ ва аз байн бурдани номҳои номувофиқ ба фарҳангу арзишҳои маънавӣ мебошад. Зеро тибқи қонунгузорӣ ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ аст. Ба номи шахс илова кардани тахаллусҳои «мулло», «халифа», «тӯра», «хоҷа», «хӯҷа», «шайх», «валӣ», «охун», «амир», «сӯфӣ» ва ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозӣ дар байни одамон мегарданд, мумкин нест (мисол: Каримӣ Хоҷа Назар Анварзод ). Аммо ҳамчун ном ва ҷузъи номсоз истифода бурдани калимаҳои мазкур мумкин аст (мисол: Назархоҷа, Саидвалӣ).

Номгузорӣ ба Феҳристи мазкур маҳдуд нашуда, мувофиқи меъёрҳои қарори дар боло зикршуда, номҳои тозаэҷоде, ки ба суннати номгузорӣ, арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ мувофиқанд, вале дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ворид нагардидаанд, дар асоси хулосаи Комиссияи назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Дар пайвастани ном бо номи падар, баъзан аз бандаки изофии “-и” истифода бурда мешавад (мисол: Каримзода Хуршеди Анвар), ки аз нигоҳи аввал ягон норасоӣ ҳис намегардад ва дар дохили кишвар ба ҳама фаҳмо мебошад. Аммо бо рушд ёфтани муносибатҳои байналмилалӣ, имрӯзҳо шаҳрвандони мо дар конфронсҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок мекунанд, ки баъзан вақт нофаҳмиҳо ба вуҷуд меоянд. Одатан дар расмиёти коргузории чунин чорабиниҳо аввал насаб ва баъд ном сабт мешавад, ки ин ба талаффузи нодурусти ном оварда мерасонад (мисол: Каримзода Хуршеди).

Аз ин лиҳоз беҳтар мешавад, ки ҳангоми иваз намудани ному насаб ё бақайдгирии таваллуд ном бе истифодаи бандаки изофии “-и” тартиб дода шуда, дар насаб ё номи падар пасвандҳои насабсози мувофиқ истифода шаванд (мисол: Хуршед Анварзод ё Каримзода Анвар Хуршед).

Дар мавриди номи падар бошад он бо илова намудани пасвандҳои ташаккулдиҳандаи -зод, -зода, - ёр, -ниё, -фар ва ё бе иловаи чунин пасвандҳо гузошта мешавад.

Дар ташаккулёбии насаб ва номи падар такроран истифода бурдани як пасванд (мисол: Каримзод Хуршед Анварзод) манъ буда, ҳамчунин истифодаи як ном бе иловаи пасванд ҳам дар ташаккули насаб ва ҳам дар ташаккули номи падар (мисол: Анвар Хуршед Анвар) манъ мебошад.

Дар ҳолати дар ақди никоҳ набудани модар бо падари кӯдак номи падари ӯ дар асоси ҳуҷҷат дар бораи муқаррар намудани падарӣ гузошта мешавад. Агар падарӣ муқаррар нашуда бошад номи шахсе, ки модари кӯдак дар ариза нишон додааст, ҳамчун номи падари кӯдак гузошта мешавад.

Агар падару модар дар гузоштани насаб ва ё номи кӯдак ба мувофиқа наоянд, насаб ва ном дар китоби сабти таваллуди кӯдак аз рӯи қарори мақомоти васоят ва парасторӣ сабт карда мешавад.

Тибқи қонунгузории ҶТ дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият насаб ва ном ҳатмӣ буда, номи падар ҳатмӣ нест. Яъне шаҳрвандон метавонанд фақат насаб ва ном дошта бошанд. Веле баъзан ин меъёри қонун нодуруст фаҳмида шуда, дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ҷойи (сутуни) насабро холи гузошта, ҷойи ном ва номи падар пур карда мешавад (мисол: Насаб: холӣ Ном:Хуршед Номи падар:Анварзода), ки чунин ҳолат ҳангоми убур аз сарҳади баъзе аз давлатҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони мо монеа эҷод мекунад. Бинобар ин агар шахс “номи падар” надошта бошад дар ҳуҷҷатҳо (шаҳодатномаи таваллуд, шиноснома) бояд ҷойи насаб ва ном мутобиқан пур карда шуда ҷойи номи падар холӣ гузошта шавад (мисол: Насаб:Анварзода Ном:Хуршед Номи падар: холӣ ). Дар чунин ҳолат насаб метавонад аз номи падар ташаккул ёфта бошад. Масъалаи мазкур бештар ба кормандони САҲШ вобаста буда, онҳо бояд ҳангоми ивази ному насаб ё бақайдгирии давлатии таваллуд ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ даҳанд.

Насаб, ном ва номи падари кӯдаки ёфтшудае (партофташуда), ки падару модараш маълум нест, бо нишондоди мақомот ё муассисае, ки кӯдаки ёфтшуда (партофташуда) дар он ҷо ҷойгир карда шудааст, гузошта мешавад.

Қонунгузории ҶТ номгузории кӯдакони ақаллиятҳои миллиро тибқи анъанаҳои миллиашон кафолат додааст. Намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бо хоҳиши худ метавонанд номгузории кӯдаконашонро тибқи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ё анъанаҳои миллиашон амалӣ намоянд.

Номгузории кӯдак ҳангоми бақайдгирии давлатии таваллуд дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи истиқомати падару модари кӯдак ё яке аз онҳо ва дар ҳолатҳои истисноӣ дар ҷойи таваллуди кӯдак гузаронида мешавад.

Шаҳрвандони ҶТ аз ҷумла кӯдакони ба синни шонздаҳ расида ҳуқуқ доранд насаб, ном ва номи падари худро иваз намоянд. Кӯдакони то ҳаждаҳсола насаб, ном ва номи падари худро бо розигии падару модар иваз менамоянд. Дар ҳолати набудани чунин розигӣ ин масъала аз ҷониби суд ҳал карда мешавад.

Иваз намудани насаб, ном ва номи падари шахси ба синни шонздаҳ нарасида, инчунин иваз намудани насаб, ном ва номи падари кӯдаке, ки ба фарзандхондӣ қабул мешавад, дар асоси қарори мақомоти васоят ва парасторӣ анҷом дода мешавад. Амали мазкур аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи истиқомати шахсе, ки хоҳиши иваз намудани насаб, ном ва номи падарро дорад, ба ҷо оварда мешавад.

Мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сайёд Раҳимов


Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal