Санаи 23 ноябри соли 2018 бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо филиали ТБ «Ҳамсоягии нек» дар Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо» баргузор гардид.
20 ноябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯдак ҷашн гирифта мешавад. Таърихи таҷлил гардидани ин ид ба соли 1954 рост меояд. Маҳз дар ин сол Ассамблеяи генералии СММ ба давлатҳо пешниҳод намуд, то ягон рӯз ҳамчун рӯзи кӯдакон ҷашн гирифта шавад. СММ мехост, ин сана рӯзе бошад, ки ба фаъолият оид ба таъмини беҳбудии кӯдакон бахшида шавад.
|
20
ноябри
2018
|
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз солҳои 20-уми асри гузашта дарёфти роҳу воситаҳои таъмин ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаконро ба миён гузошт. Вазъи ҳуқуқи кӯдакон (меҳнати кӯдакон, савдо ва фоҳишагии кӯдакон) ҷомеаро ба ин водор мекард.
Ба муносибати 25-умин солгарди аз
ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонидани
Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак
14 ноябр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии логопед ҷашн гирифта мешавад. Логопед мутахассисест, ки ба кӯдакон ва калонсолони дорои мушкилӣ дар нутқ кумак мерасонад. Ин мутахассисон дар муассисаҳои тиббӣ, мактабу боғчаҳо фаъолият намуда, ба он нафароне, ки дар талаффузи нутқ мушкилӣ мекашанд, кумаки худро мерасонанд.






