ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
19
июни
2023

Гузаронидани чорабиниҳои иттилоотиву маърифатӣ дар самти ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», ки 19 июли соли 2022 қабул гардидааст, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз ба ҳисоб меравад.

Яке аз вазифаҳои мақомот дар ин самт, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотиву маърифатӣ дар самти ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз мебошад.

 

Вобаста ба ин, дар мувофиқа бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кори санаи 30 майи соли ҷорӣ дар ҳайати Бобоҷонзода Миҷгона – муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, Маҷидов Парвиз Бухориевич – муовини сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз ва Давлатов Ҳамроҳхон Ҳайдарбекович ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт чорабинии иттилоотӣ гузарониданд. Чорабинӣ бо мусоидати Маркази байналмилалии ҳуқуқи ғайритиҷоратӣ (ICNL) баргузор карда шуд.

 Чорабинӣ бо роҳбарии муовини раиси ноҳияи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои кор бо занон ва оила, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, ҳуқуқи кӯдак, Комиссариати ҳарбӣ, ходимони дин ва фаъолони ҷамъиятӣ, ҷамъ 62 нафар иштирок намуданд. Аз ин шумора 24 нафарашонро занон ташкил медоданд. 

Дар чорабинии зикршуда мавзуъҳои «Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон», «Зарурияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», «Шарҳу тавзеҳи баъзе аз мафҳумҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», «Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини ҳифз аз табъиз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ваколати мақомоти дигари давлатӣ ва мақомоти маҳалӣ дар самти  ҳифз аз табъиз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни чорабинӣ ҳозирин фаъолона иштирок намуда, оид ба табъизи инсон вобаста ба вазъи иҷтимоӣ, ҳуқуқи аққалиятҳои миллӣ, сару либоси тавсиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ташвиқу тарғиби қонунгузории миллӣ саволҳо дода, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal