Рӯзи 23 майи соли 2023 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб боздид ба амал овард.
Зимни боздид маълум гардид, ки муассисаи мазкур дорои се шуъба буда, барои 200 кӯдак пешбини шуда 195 нафар кӯдакони аз 3 то 18 сола аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи роҳхати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ табобат мегиранд.
Муасисаи мазкур аз се бинои дуошёна иборат буда, бинобар дар ҳолати садамавӣ қарор доштан бинои якум аз фаъолият бозмонда, се шуъба дар ду бино ҷойгир карда шудааст
.
Зимни боздид аз ҳуҷраҳои хоби кӯдакон таъминоти онҳо бо ғизо, муносибати кормандони муассиса бо кӯдакон, инчунин шароити кори кормандони муассисаи мазкур шиносоӣ пайдо карда шуд. Маълум гардид, ки дар муассиса барои кӯдакон ва кормандон шароити хуб муҳайё карда шудааст.
Ҳамзамон мушоҳида карда шуд, ки дар як ҳуҷра то 8 кӯдак ҷойгир карда шудаанд, ҳол он, ки ҳар як ҳуҷра барои 4 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Аз суҳбат бо роҳбари муассиса Қосимова Чеҳрагул маълум гардид, ки лифти бинои мазкур аз соли 2006 то инҷониб кор намекунад ва ин ҳолат ҳангоми интиқоли кӯдакони маъюб ба кори кормандон мушкилии зиёд пеш меорад.
Зимни боздид ВҲК бо модарони кӯдаконе, ки ба муҳлати 21 рӯз барои тавонбахшӣ ба табобат фаро гирифта шудаанд ҳамсуҳбат шуд. Дар рафти суҳбат волидони кӯдакон иброз доштанд, ки аз кор ва хизматрасонии мутахассисони Маркази тавонбахшӣ розианд ва хуб мешуд, ки чунин марказҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис дода мешуданд. То ин, ки муолиҷаи пайдарҳам ба ҳамагон дастрас бошад.
Дар охир Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба роҳбарият ва кормандони муассиса барои ғамхорӣ ва нигоҳубини кӯдакон изҳори миннатдорӣ намуд.