Боиси ифтихор ва шарафмандист, ки маҳз аз самараи сиёсати фарҳангпарварона ва заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенит Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз қабул намудааст.
Наврӯзи Аҷам аз хуҷастатарин дастовардҳои фарҳангиву маърифатии инсоният буда, падидаест сафобахшу саодатбор, ки инсонро ба роҳи некиву хайрхоҳӣ, зебоиву зебопарастӣ, бунёдкориву созандагӣ, ба сӯи офариниш ва эҳёву парастиши муқаддасоти инсонӣ раҳнамоӣ мекунад. Наврӯзи Аҷам - Наврӯзи тоҷикон таҷаллии донишу хирад, маърифату фазилат, фурӯғу эҳёи суннату анъана, расму оинҳои нек хуҷаставу шарифи ин миллати куҳанбунёд аст.
Яке аз қишрҳои муҳими ҷомеа, ки бесаброна фаро расидани Наврӯзро интизорӣ мекашанд, кӯдакон мебошанд. Иштироки кӯдакон дар таҷлили Наврӯз рӯҳияи ин ҷашни фархундаро боз ҳам зебову пуртароват мегардонад.
Аз ин рӯ, садои Наврӯз ҳар соли навбатӣ баландтару фарогиртар шуда, пайваста ба қалбу зиндагии ҷаҳониён ворид мегардад ва соҳибони аслии Наврӯз – мардуми моро сарбаланд ва шуҳратёр мегардонад.
Бо истифода аз имкони муносиб Шумо ҳамватанони азизро табрику таҳният намуда, бароятон умри дарози пурбаракат, саломатӣ, бахту саодат ва дар амалӣ гардидани мақсаду мароме, ки баҳри беҳбудии кишвари азизамон доред, комёбиҳои беназир орзумандем.
Бигузор, Наврӯзи соли 2023 барои боз як соли дигар қосиди хушбахтию бурдбориҳо ва фаровонии неъматҳои зиндагӣ гардад.
Бо эҳтиром,
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон