ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

7
марти
2023

Маърӯзаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид

 

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2022 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Маърӯзаи навбатӣ аз пешгуфтор, ду боб ва хотима иборат мебошад. Боби якум, ба масъалаҳои таҳкими механизми қабул ва баррасии муроҷиати кӯдакон, такмили қонунгузорӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, боздид, мониторинг ва санҷиши вазъи риояи ҳуқуқҳои кӯдак, фаъолият ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо ва иттилоотонии ҷомеа вобаста ба ҳуқуқҳои кӯдак бахшида шудааст.

Дар боби дуюм, ки бевосита ба арзёбии вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст, масъалаҳои кӯдакон дар низоми адолати судӣ, ҳуқуқи кӯдакон ба ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқи кӯдакони маъюб ва ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсилро фаро мегирад. Ҷиҳати омода намудани маълумотҳои ин бахш, илова ба маводҳо аз фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин маводҳо аз натиҷаи боздидҳо, қабули сайёри шаҳрвандон ва санҷишу мониторингҳо дар муассисаҳои кӯдакона истифода бурда шудаанд.

Яке аз самтҳои муҳим, ки соли 2022 дастовардҳои назаррас дошт, таҳкими механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба ҳисоб меравад. Дар ин робита, пешравиҳои муҳим дар сиёсат, қонунгузорӣ ва амалияи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон ба амал омаданд.

Соли 2022 якчанд қонунҳо қабул гардиданд, ки ба боз ҳам рушд ёфтани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳдошти зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд. Аз ҷумла, дар ин робита метавон аз ба имзо расидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнат ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи маориф”, таъсиси Шӯрои миллӣ оид ба инкишофи барвақтии кӯдакон, қабули Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027, ки ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои беҳтарини кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд, махсусан ёдоварӣ намуд.

Дастоварди дигаре, ки аз ғамхории хоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кӯдакон сарчашма мегирад, марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон баргардонидани кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзада ба ҳисоб меравад. Дар ин робита, соли 2019 аз урдугоҳҳои минтақаҳои ҷангзадаи Сурия 84 кӯдак ва ахиран соли 2022 боз 146 нафар занону кӯдакон ба Тоҷикистон овардашуда, дар муассисаҳои давлатӣ барои барқарорнамоии ҳолати равонӣ ва баргардонидани онҳо ба ҳаёти муқаррарӣ чорабиниҳои гуногун амалӣ шуда истодаанд.

Ин иқдомҳо, пеш аз ҳама, барои раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат, ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар ва арҷгузорӣ ба сулҳу амният равона шудаанд.

Дар ин робита, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳо ва таъмини манфиатҳои беҳтарии кӯдакон ба роҳ монда, аз натиҷаи фаъолият ва таҳлили вазъи риояи ҳуқуқҳои кӯдак Маърӯзаи навбатии худро омода намуд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ин бахш бо дарназардошти таҳлилу баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ном ва ба манфиати кӯдакон, ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномавии соҳа, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тавсияҳои сохторҳои махсус ва шартномавии СММ, маводи воситаҳои ахбори омма маълумоти муфассал пешниҳод менамояд.

Итминон дорем, ки маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифта, тавсияҳои пешниҳодшуда ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳо ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакони Тоҷикистони азиз мусоидат мекунанд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal