ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

23
сентябри
2022

Сафари кории Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои Ховалинг ва Муъминободи вилояти Хатлон дар рӯзҳои 20 то 23 09.2022

Хабар

Сафари кории Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои Ховалинг ва Муъминободи вилояти Хатлон дар рӯзҳои 20 то 23 09.2022

Аз рӯзҳои 20 то 23 09.2022 дар ноҳияҳои Ховалинг ва Муъминободи вилояти Хатлон аз ҷониби Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалисозии Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2022, Нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2022 стратегияи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 сурат гирифт.

20220920 143229


Зимни сафари корӣ бо раис ва муовинони раисони ноҳияҳои зикргардида оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва мушкилоти дар ин самт мавҷуда сӯҳбатҳои алоҳида гузаронида шуда, вохӯриҳо бо иштироки масъулони шуъбаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссияҳои маҳалӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ баргузор гардид.

20220922 124231


Дар вохӯриҳо оид ба сиёсати давлат дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон, амалишавии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва протоколҳои иловагии он, вазифа ва нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, эҳтироми фикри кӯдакон дар раванди ҳаёти оилавӣ, аҳамияти таълиму тарбияи кӯдак дар оила ва таъсири манфии фиристодани кӯдакон ба муассисаҳои будудоши доимӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон масъалаҳо доир ба дастрасии кӯдакон ба таҳсил, хадамоти тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, мушкилоти кӯдакони бо қонун дар мухолифатбуда, таҳсилоти кӯдакони дорои маъюбият ва ѓайра мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.
Инчунин ҷиҳати пешгирӣ намудани омилҳои номатлуб дар байни наврасон ба монанди муноқишаҳои гурӯҳи, зӯроварӣ нисбати кӯдакон, таҳсили духтарон дар зинаи сеюми таҳсилот ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ доир ба масъалаҳои мазкур тавсияҳо пешноҳод карда шуданд.
Ба иштирокчиёни вохӯриҳо маводҳои иттилоотӣ, маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021, маҷаллаи “Ахбори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва брошураи “Ҳуқуқҳои худро муҳофизат намо” дастрас гардонида шуд.
Аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ноҳияи Ховалинг 11 нафар шаҳрвандон (8 -зан ва 3- мард), дар ҷамотҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Муминобод 13 нафар шаҳрвандон (9-зан ва 4-мард) қабул карда шуданд.
Шаҳрвандон асосан вобаста ба масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ (расонидани кӯмаки молиявӣ), ҳифзи иҷтимоии кӯдакони маъюб, муоширати кӯдакон бо волидайн ва хешовандони наздик, ҳифзи саломатӣ, гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ва масъалаҳои дигар муроҷиат намуданд.
Зимни қабул муайян гардид, ки ҳануз ҳам дар самти мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони маъюбиятдошта ҳолатҳое вомехуранд, ки падару модарон бинобар надонистани ҳуқуқҳои худ ва тартиби муроҷиат барои муайян намудани маъюбияти кӯдакон ва ба расмият даровардани нафақаи маъюбият мушкили мекашанд, ки ин ҳолатҳо боиси саривақт баҳраманд нагардидани кӯдакон аз ҳуқуқу имтиёзҳои пешбинигардида мешаванд.
Вобаста ба масъалаҳои дар муроҷиатҳо гузошташуда ба шаҳрвандон маслиҳатҳои дахлдори ҳуқуқӣ дода шуданд.
Қабули шаҳрвандон дар ноҳияҳо бо иштироки раис, муовинони соҳавӣ доир гардида дар ҳалли масъалаҳои гузошташуда мусоидат намуд.
Зимни сафари кории худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак боздид аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6, ба номи Худоёр Раҷабов ноҳияи Ховалинг, маркази тавонбахшии рӯзона “Ғунча” барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва муассисаи томактабии “Маҳваш” ҷамоати деҳоти Ховалинг дидан намуд.
Инчунин зимни сафар аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 ҷамоати деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муминобод ва мактаб интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи мазкур дидан намуда, аз натиҷаи боздид ба роҳбарияти МиҲД ноҳияҳои мазкур ва роҳбарони муассисаҳо маслиҳатҳои дахлдор дода шуд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal