ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

17
сентябри
2022

Боздиди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз Муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии «Мактаб- интернати №4 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд»-и ш.Душанбе

Боздиди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз Муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии «Мактаб- интернати №4 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд»-и ш.Душанбе
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Бобоҷонзода  рӯзи 16 сентябри соли 2022 бо мақсади таҳлили вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакони имконияташон маҳдуд аз Муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии «Мактаб- интернати № 4 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд» ва Муасссисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати № 5 барои  кӯдакони имконияташон маҳдуд»-и ш.Душанбе дидан намуд.
Зимни боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба роҳбарияти муассисаҳо оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», салоҳият ва ваколатҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак,  қонунгузории амалкунанда дар самти ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар Ҷумхурии Точикистон маълумот дод. Баъдан бо шароити синфхонаҳо, сифати таълими хонандагон, таҳияи ҷадвали дарсҳо, шароити кори омӯзгорон, тарзи ташкилу ба роҳ мондани раванди таълим, бо китобҳои дарсӣ ва асбобҳои аёнӣ таъмин будани хонандагону муаллимон, иштироки хонандагон ба дарс,  нчунин бо шароити зисти кӯдакон, таъминоти онҳо бо ғизо ва муносибати кормандони муассиса бо кӯдакон аз наздик шинос шуд.
 
20220916 112949
 
 
IMG 20220919 103001 048
 
Ҳангоми боздид маълум гардид, ки дар муассисаҳо барои кӯдакон шароити хуби нигоҳдорӣ муҳайё буда, аз ҷониби давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон пайваста таваҷҷӯҳ зоҳир мегардад.
Дар охир Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба роҳбарият ва кормандони муассисаҳо барои ғамхорӣ нисбати кӯдакон изҳори миннатдорӣ намуд.
 
IMG 20220919 102815 676
 
 
IMG 20220919 102911 627
 
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal