Рӯзи дониш муборак!
Санаи 1 сентябр бахшида ба Рӯзи дониш дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ занги аввал садо дода, беш аз 200 ҳазор нафар кӯдакон бори аввал ба мактаб қадам мегузоранд.
Ҳамасола дар ин рӯз чун анъана дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ҷамъомади идона баргузор шуда, рӯзи нахустини соли нави дониш бо Дарси сулҳ оғоз меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти ин санаи фархунда, зикр намудаанд, ки «Рӯзи дониш ва дарси сулҳ беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ – мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб менамоем».
Рушди устувори соҳаи маориф аз ислоҳоти самаранок вобастагӣ дошта, марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад. Дар тӯли Истиқлолияти давлатӣ мо ба дастовардҳои беназир дар самти таълиму тарбия ноил гардидем, ки барои ояндаи дурахшони кишвари азизамон мусоидат мекунад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шарикони рушд ва фаъолони ҷомеа ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон – хонандагони муассисаҳои таълимӣ пайваста чораандешӣ менамояд.
Бо истифода аз имкони муносиб Шумо кӯдакони саодатманди Тоҷикистони азизро ба муносибати оғози соли нави таҳсил табрику муборакбод гуфта, бароятон фатҳи баланди қуллаҳои илму дониш ва сарбаландию сарфарозиро таманно менамоям.
Итминон дорам, ки дар шароити сулҳу фараҳ ба толор ва синфхонаҳои барҳаво ворид гашта, аз суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш баҳрвар мегардед.
Бобоҷонзода Миҷгона -Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон