ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

14
сентябри
2021

Санҷиш дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кўдакони ятими н. Ш. Шоҳин

Тибқи Барномаи амали мақомоти ВҲИ ҶТ барои соли 2021 дар доираи амалисозии Стратегияи мақомоти ВҲИ ҶТ барои солҳои 2021-2025 моҳи сентяби соли 2021 дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кўдакони ятими н. Ш. Шоҳин аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ҳайати кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак бо ҷалби коршинос аз ташкилоти ҷамъиятии “Ҳаёт ва оила” мониторинг гузаронида шуд.
Аз натиҷаҳои санҷиш бармеояд, ки айни замон дар Мактаб-интернат 118 нафар кӯдакон (аз ҷумла 10 нафар духтарон) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба кӯдакон 23 нафар омӯзгорон ва мураббиён (4 нафар занон) таълиму тарбия медиҳанд. 
Дар Мактаб-интернат кӯдакони ятиму бепарастор ва кӯдаконе, ки дар маҳалли зисташон муассисаи таълимӣ надоранд, ба зинаҳои 2 ва 3 таҳсилоти миёнаи умумӣ фаро гирифта шудаанд. Сару либоси тавсиявӣ аз ҷониби хонандагон риоя шудааст ва ҳолати санитарию гигиении  синфхонаҳо ба талабот ҷавобгӯ мебошанд.
Дар муассисаи таълимӣ робита бо падару модарон ва ҳамкориҳо бо мақомоти корҳои дохилӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Инчунин аз ҷониби масъулини шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ш. Шоҳин мунтазам бо тарбиягирандагон ва омӯзгорону мураббиён вохӯриҳо доир мешаванд.
Бинои таълимӣ ва хобгоҳҳои Мактаб-интернат дар ҳолати хуб қарор дошта, ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ мебошад. Барои пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тамоми чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. 
Ҳар рӯз аз рӯи номгўи таомҳо ба кўдакон  3 маротиба хӯроки гарм дода мешавад. Ҳамарўза сифати хўрокҳо аз тарафи ҳамшираи тиббӣ санҷида мешаванд. 
Аз тарафи гурӯҳи корӣ  бо омўзгорон, ҳамшираи тиббӣ, ошпазҳо ва худи кӯдакон суҳбату пурсишҳо гузаронида шуд. Ҳангоми суҳбату пурсишҳо хонандагон аз муносибати омўзгорон бо онҳо, муносибат байни якдигар, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ,  шароити таълиму тарбия дар Мактаб-интернат изҳори қаноатмандӣ намуданд. 
Бо мақсади тақвият додани маърифати ҳуқуқии хонандагон ба масъулини муассисаи таълимӣ маводҳои иттилоотӣ, аз ҷумла якчанд адад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон”, маҷаллаи “Ахбори ВҲИ ҶТ”, Маърӯзаи ВҲК ҶТ барои соли 2020 ва брошюраи “Ҳуқуқҳои худро муҳофизат намо” тақдим карда шуда, тавсия дода шуд, ки оид ба мақомоти ВҲИ ҶТ ва аз ҷумла ВҲК ҶТ ҳамчун ниҳоди махсусгардонидашудаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак барои омӯзгорони муассисаи таълимӣ семинари омӯзишӣ гузаронида шуда, дар раванди дарсҳо аз сомонаҳои ВҲИ ҶТ ва ВҲК ҶТ васеъ истифода бурда шавад. 
Дар маҷмуъ дастрасии кӯдакон ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ ва  истироҳату  фароғат дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятими ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон  хуб ба роҳ монда шудааст. 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal