МЕНЮ
14
сентябри
2021
|
Cанҷиши фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 н. Ш. Шоҳин |
Тибқи Барномаи амали мақомоти ВҲИ ҶТ барои соли 2021 дар доираи амалисозии Стратегияи мақомоти ВҲИ ҶТ барои солҳои 2021-2025 рӯзи 14 сентяби соли 2021 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 н. Ш. Шоҳин аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ҳайати кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак бо ҷалби коршинос аз ташкилоти ҷамъиятии “Ҳаёт ва оила” мониторинг гузаронида шуд.
Айни ҳол дар муассисаи таълимии мазкур 316 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 168 нафар духтарон мебошанд. Таълим бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Ба кӯдакон 30 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд, ки аз онҳо 18 нафар мардҳо мебошанд.
Дар муассисаи таълимӣ 4 нафар кӯдакони дорои маъюбият (2 духтар ва 2 писар), ки имконияти бо ҳамсолони худ таълим гирифтанро доранд, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Инчунин 1 нафар ятими кул ва 4 нафар кӯдакони нимятим ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 3 нафари онҳо духтарон мебошанд.
Дар муассисаи таълимӣ Маркази инкишофи кӯдак фаъолият мекунад, ки 30 нафар кӯдакони шашсоларо бо таълиму тарбия фаро гирифтааст.
Вазъи саломатии кӯдакон ва ҳолати санитарию гигиении муассиса пайваста аз тарафи кормандони бунгоҳи тиббӣ дар як моҳ як маротиба тафтиш карда мешавад. Дар муассисаи таълимӣ барои пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 чораандешӣ шудааст.
Бинои муассиса куҳна бошад ҳам, майдончаи варзишӣ ва синфхонаҳо, роҳрав ва атрофи бино дар ҳолати хуби санитарӣ қарор доранд.
Дар гузаронидани санҷиш гурӯҳи кориро сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия Ҷумъаев Мирислом ҳамроҳӣ намуд.
Аз суҳбатҳо бо масъулини соҳа бармеояд, ки новобаста аз мушкилиҳои мавҷуда бо саъю талошҳои пайвастаи роҳбарияти муассисаи таълимӣ, ҳайати омӯзгорон ва падару модарон ҳамаи духтарон ба зинаи сеюми таҳсил фаро гирифта шуда, хонандагони муассиса дар олимпиадаҳои фаннӣ ҳамасола ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Хатмкунандагони соли хониши 2020-2021 (34 нафар) 100% ба мактабҳои олӣ дохил шуда, таҳсили худро идома дода истодаанд. Санҷиш нишон дод, ки сару либоси тавсиявӣ аз ҷониби хонандагону омӯзгорон риоя шуда, хонандагон дорои одобу ахлоқи намунавӣ мебошанд.
Зимни санҷиш ба МТМУ №3 маводҳои иттилоотӣ, аз ҷумла якчанд адад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон”, маҷаллаи “Ахбори ВҲИ ҶТ”, Маърӯзаи ВҲК ҶТ барои соли 2020 ва брошюраи “Ҳуқуқҳои худро муҳофизат намо” тақдим карда шуда, тавсия дода шуд, ки ҷиҳати тақвият додани фаъолият дар самти ҳуқуқи кӯдакон аз маводи пешниҳодшуда, инчунин дар ин раванд аз сомонаҳои ВҲИ ҶТ ва ВҲК ҶТ васеъ истифода бурда шавад.
Аз натиҷаи санҷиш ба роҳбарияти МТМУ №3 барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи дастрасии кӯдакон ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ ва истироҳату фароғат тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуд.