ДУШАНБЕ, 02.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 2 апрел дар ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии паҳннамоии иттилоот оид ба бемории аутизм эълон шудааст. Бемории аутизм ё худ дархудмондагӣ ихтилоли инкишофи рӯҳӣ буда, дар шаклҳои гуногун зуҳур меёбад.
Тавре зимни суҳбат мудири шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи «Оила ва кӯдак» — Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон» Зарина Расулова иброз дошт, эҳсоси дархудмондагӣ ё худбегонагӣ сахттарин ҳолати равонӣ буда, наврасон муҳити атрофро ба худ бегона эҳсос мекунанд. Аутизм ихтилоли инкишофи рӯҳӣ буда, дар шаклҳои гуногун зуҳур меёбад. Кӯдакони гирифтори аутизм дар муносибат ба дигарон ва мутобиқати иҷтимоӣ душворӣ мекашанд. Онҳо муҳтоҷи дастгирии махсус мебошанд. Чунин кӯдакон ба назари дигарон эрка, зудранҷ, бетарбия ва нозуктабъ менамоянд. Аз ин рӯ онҳо беасос танбеҳ гирифта, гап мешунаванд ва дар натиҷа маҷбур мешаванд муқобили ҷамъият амал намоянд. Ин гуна кӯдакон бо касе наздикӣ ва дӯстӣ намекунанд.
Ба зикри Зарина Расулова, аутизм метавонад боиси инкишофи нодуруст гардад. Бояд дар оила нисбат ба кӯдакони гирифтори аутизм муносибати дуруст ба роҳ монда шавад. Барои чунин кӯдакон тарбияи муолиҷавӣ хос буда, табобати онҳо дар ҳамбастагӣ бо равонпизишкон, духтурони асаб ва педагогҳо бояд сурат гирад.
Ба ибрози муаллимаи заъфи нутқи шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи «Оила ва кӯдак»-и Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон» Басхотун Аҳмадбекова, «диққати ин гуна кӯдакон ноустувор буда, онҳо ба ҳар гуна ашё диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Аз ин рӯ мо ҳангоми кор бо кӯдак аввал диққати ӯро ба худ ҷалб менамоем ва пас аз 3-4 дақиқа бо онҳо ҳар гуна бозиҳо мегузаронем».
-Кӯдаконе, ки нутқ доранд, кӯшиш менамоем ки барои онҳо дафтари махсус ташкил намуда, одитарин калима ва ибораҳоро нависем, то онҳо бо истифода аз он нутқи худро бурро гардонанд. Мо бештар шавқу завқи онҳоро ба инобат гирифта, вобаста ба он ба падару модарашон тавсияҳо медиҳем,- мегӯяд Басхотун Аҳмадбекова.
Имрӯз дар шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи «Оила ва кӯдак» — и Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит барои ба машғулият фаро гирифтани беморони гирифтори аутизм фароҳам оварда шуда, кормандони марказ кӯшиш менамоянд бо одитарин ашё ба ин кӯдакон сохтани ҳар гуна чизҳоро омӯзанд. Инчунин дар ин марказ барои ба ҳаракат даровардани дасту пойи бемор ва мустақил шудани онҳо таҷҳизоти махсус мавҷуд мебошанд.
Ба иттилои мудири шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи «Оила ва кӯдак», ҳоло дар маркази мазкур 273 нафар гирифторони бемории аутизм ба қайд гирифта шудаанд. Ба ақидаи бисёр олимони соҳа, аутизми кӯдакон дар натиҷаи иллат бардоштани силсилаи асабҳои марказӣ рух медиҳад.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: Аз шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи «оила ва кӯдак»