ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

2
апрели
2021

Санҷиш дар Кӯдакистони хусусии “Садбарг 2015” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Тибқи Барномаи амали мақомоти ВҲИ ҶТ барои соли 2021 дар доираи амалисозии Стратегияи фаъолияти ВҲИ ҶТ барои солҳои 2021-2025  рӯзи 31 марти соли 2021 дар Кӯдакистони хусусии “Садбарг 2015”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш гузаронида шуд. 
Кӯдакистони хусусии “Садбарг-2015”  соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудааст. Айни ҳол дар муассиса 96 нафар кӯдакони аз 1 то 7-сола дар шаш гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Машғулиятҳо дар асоси барномаҳои таълимии  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони русӣ амалӣ карда мешаванд.  
Зимни санҷиш атрофи муассиса, бино, роҳрав, ҷойҳои хоб, ҳоҷатхонаҳо, ҳуҷраи ҷомашӯйӣ, ҳуҷраи ёрии тиббӣ,  ошхона, анбори маводи хӯрока, толори варзишӣ ва мусиқӣ барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ аз назар гузаронида шуданд.
        Аз натиҷаҳои санҷиш бармеояд, ки дар Кӯдакистони мазкур ҳуқуқи кӯдакон ба таълиму тарбия, ҳифзи саломатӣ ва  истироҳату  фароғат риоя мешаванд. Инчунин дар Кӯдакистон барои пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тамоми чораҳои зарурӣ андешида шудааст.  
 
садбарг0
 
     Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи дастрасии кӯдакон ба таълиму тарбия, ҳифзи саломатӣ ва  истироҳату  фароғат ба роҳбарияти  муассисаи таълимии томактабӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуд.
 
 
А. Машрабзода - Мутахассиси пешбари ШҲДҲК

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal