ДУШАНБЕ, 22.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Шаҳритус ҳамзамон ба фаъолияти маркази хизматрасонии муосир оғози расмӣ бахшиданд.
Сохтмони маркази хизматрасонӣ яке аз бандҳои нақшаи тадбирҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Холназар Достиев дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланди меъморӣ анҷом дода шуд.
Ба Пешвои муаззами миллат иттилоъ доданд, ки бино аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, қабати якум аз тарабхона, ошёнаи дуюм меҳмонхона ва қабати поёнии он аз ошхона иборат аст. Тарабхонаи маркази хизматрасонӣ барои 150 нафар пешбинӣ гардида, дар он барои баргузории тӯю маъракаҳо ва дигар ҷашну чорабиниҳои фарҳангӣ имконияти хуб фароҳам оварда шудааст.
Бинои мазкур дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ бунёд шуда, дорои 40 ҷойи хоб ва ҳуҷраҳои алоҳидаи қабули меҳмонон мебошад.
Меҳмонхона низ бо риоя ва услуби хоси меъмории ҷаҳонӣ бунёд гардида, барои муштариён имкониятҳои мусоиди истироҳат фароҳам овардааст.
Ошхонаи маркази хизматрасонӣ дар як вақт метавонад 120 нафарро қабул намояд.
Намои берунаи бинои тозабунёд бо тарҳ ва усули миллӣ оро ёфта, саҳни он дар масоҳати 500 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст. Чароғонкунӣ ва бо гулу дарахтони сояафкану ороишӣ оро ёфтани атрофи бино ба ҳусни маркази ноҳияи Шаҳритус зебогии тоза зам менамояд.
Баъди ба фаъолият пардохтани марказ 20 нафар сокини ноҳия бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани иншооти мазкурро ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Дар ҳамин ҷо ҳамчунин Пешвои муаззами миллат бо як гурӯҳ ятимон ва маъюбон аз ноҳияҳои Қубодиён, Дӯстӣ, Носири Хусрав ва Шаҳритус мулоқот намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуданд.
Зимни мулоқоти самимӣ Сарвари давлат наврасону ҷавононро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум гаштаанд, ба омӯзиши илмҳои муосир, дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ободу зебо кардани Ватани аҷдодиамон ҳидоят намуданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 78 ятим, писарону духтарон, ки зери парастории Ҳукумати мамлакат қарор доранд, туҳфаҳо иборат аз сару либоси мавсимӣ, шиму костюм ва пойафзол тақдим намуданд.
Ин иқдоми башардӯстонаи Сарвари ғамхору дилсӯзи миллат сабаби шодиву хурсандии наврасон гардид.
Дар охири мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ятимону маъюбон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамнамудаи давлату Ҳукумати мамлакат бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, соҳибилм шаванд ва бо касбу ҳунари худ фарди ватандӯсту ватандор гарданд.
Дар навбати худ кӯдакону наврасон ба Пешвои миллат ва ғамхору сарпарасти ятимон изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи зиндагии худ карда, дар оянда барои ободӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузорӣ менамоянд.
Маврид ба ёдоварист, ки ятимону бепарасторон ва оилаҳои камбизоат ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарони давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд ва барои беҳдошти зиндагии онҳо аз тамоми имконият истифода бурда мешавад.