ДУШАНБЕ, 14.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ифтитоҳи бинои кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” дар ноҳияи Мастчоҳ дар тарабхонаи “Бӯстон” бо ятимон мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Тибқи иттилоъ, дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 1173 нафар ятим ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 24 нафарашон ятими кулл мебошанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ятимонро бо ҷашни умумимиллӣ — 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо барои идомаи таҳсил ва дар оянда омӯхтани илму дониш, махсусан забонҳои хориҷӣ, технологияи замони муосир ва касбу ҳунар ҳидоят намуданд, зеро ояндаи давлат ва миллат дар дасти ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва донишманду бозаковат мебошад.
Бояд таъкид кард, ки дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам сохтани зиндагии шоиста барои ин табақаи ҷомеа мавқеи меҳварӣ дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 50 нафар ятими ноҳияи Мастчоҳ, ки бо амри тақдир аз падар ва ё модар маҳрум мондаанд, туҳфаҳои молӣ ва пулӣ тақдим карданд.
Ятимон ҳангоми суҳбат ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушҳолӣ карда, ба Пешвои раъиятпарвари худ ҷиҳати ғамхориҳои падаронаашон аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷманди ҷомеаро танҳо намегузорад, дар ҳаққи онҳо пайваста ғамхорӣ намуда, онҳоро тарбия ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамояд.
Хушбахтона, дар доираи дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа худро ҳеҷ гоҳ танҳо ҳис накарда, бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ дар фазои орому осудаи мамлакат барои ояндаи дурахшон ва зиндагии обод талош меварзанд.
Бинои тарабхонаи “Бӯстон” дар маркази ноҳияи Мастчоҳ-шаҳраки Бӯстон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанов сохта шудааст. Бинои навбунёд аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум маркази савдо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгиранд.
Иншооти нав бо тарҳи меъмории муосир сохта шуда, ба маркази ноҳия ҳусни тоза зам намудааст. Аз ин пас сокинони ноҳияи Мастчоҳ тӯю маъракаҳои худро имкон доранд дар тарабхонаи барҳавои назаррабо, ки дорои шароити замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯз аст, баргузор намоянд.
Соҳибкорони маҳаллӣ сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона ҷонибдорӣ намуда, дар корҳои ободонӣ, бунёди иншооти таъйиноти гуногун саҳм гузошта, барои пешрафти як гӯшаи диёр ва дар маҷмӯъ, рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибихтиёр аҳлона заҳмат мекашанд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои тарабхонаи “Бӯстон” имкон фароҳам омад, ки чанд нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардида, ба ин васила сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар гардид.